Имом Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит (раҳ)‎

Имом Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит (раҳ)‎

  • 3.3 MB

    파일 크기

  • Android 4.1+

    Android OS

Имом Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит (раҳ)‎ 정보

Imomi Azam. Imom Abuҳanifa Nu'mon ibn Sobit (raҳ) bo zaboni Tochiki

https://vk.com/kitobhona

https://ok.ru/group/53630571643013

Ибтидо бояд зикр кунам, ки роҷеъ ба ҳаёти имом Абуҳанифа (раҳ) аз паҳлӯҳое, ки дар умум барои хонандаи тоҷик маълум аст ва ё онҳоро хондаву шунида, чизе гӯшзад нахоҳем кард. Дар ин пажӯҳиш масоилеро пайгир мешавем, ки ҳамагӣ наву тоза бошанд. Нуъмон ибни Собит (раҳ) яке аз орифтарини мардум нисбат ба дини Аллоҳ ва донотарини мардум бар аҳволу ҳаёти асҳоби киром (раз) буданд. Инчунин аз фарҳангу тамаддуни волои исломии гузашта ва муосири замони худ огоҳ ва намунае барои уламову имомони баъд аз худ буданд. Худованд ҷазои хайр аз номи уммат барои эшон диҳад.

Вилодат ва насаби ӯ

Абуҳанифа, Нуъмон ибни Собит ибни Нуъмон ибни Марзбон соли 80-ҳиҷрӣ (5 сентябри соли 699) дар шаҳри Куфа чашм ба олами ҳастӣ кушуд. Бештари ҳаёти худ, мисли овони туфулият ва наврасиашро дар зодгоҳаш ба сар бурдааст. Куфа шаҳри бузурге буд, ки он ҷо уламову удабо ва донишмандони фунуни мухталиф, мисли фалсафа, ақоид, фирақу мазоҳиб ва амсоли ин ба сар мебурданд. Имом Абуҳанифа (раҳ) аз хурдӣ ҳамроҳи падараш, ки бозаргони абрешим буд, кор мекард ва мувофиқи одати он замон Абуҳанифа (раҳ) пешаи падарро аз худ намуд. Аммо ӯ бештари вақт ба масҷиди Куфа ташриф меовард ва азбаски зеҳни тез дошт, Қуръони карим ва бисёре аз аҳодиси набавиро ҳифз намуд ва ин шаъни мардумони диндор аст. Шуғли дӯстдоштаи ӯ тиловати Қуръон буд, ҳатто баъзе ровиён дар ин маврид муболиға намуда, мегӯянд: Имом Абуҳанифа (раҳ) дар рамазон шаст маротиба Қуръонро хатм мекардааст. Инро ба хотири диндорӣ ва эҳтимоми ӯ ба улуми динӣ гуфтаанд. Имом Абуҳанифа (раҳ) дар ҳоле, ки тиҷоратро пешаи худ намуда буд, ба воя мерасид ва аз ин амали худ моли зиёде ба даст овард. Ба ҷуз ин ақлу идрок ва зеҳни буррову қувваи фикрронии фавқулоддае дошт, то он ҳад, ки таваҷҷӯҳи онҳоеро, ки ӯро дар ҳоли муҷодала медиданд, ба худ ҷалб менамуд.

Баъзе аз уламо қабули хотиру лутфи зеҳнии ӯро дида, барои рафтан назди уламо тавсия доданд. Дар ин вақт, дар Ироқ, махсус дар шаҳри Куфа се навъи ҳалқаҳои илмӣ вуҷуд дошт.

Ҳалқаҳои музокара дар усули ақоид.

2. Ҳалқаҳои музокараи аҳодиси Расулуллоҳ (с), ҷамъи онҳо аз шаҳру манотиқи мухталиф, сухан дар бораи ровиёни аҳодис, аҳволи онҳо ва то куҷо эътимод намудан ба онҳо.

Ҳалқаи шарҳи фиқҳ аз Қуръон ва суннат, фатво додан дар ҳаводисе, ки бори нухуст воқеъ мешаванд ва онҳо ҳоҷат ба омӯхтану фаҳмидан доранд. Барои ёфтани фатво аз китобу суннат ва аъмоли муҷтаҳидини собиқ кӯшиш мекарданд.

Имом Абуҳанифа (раҳ) бо ҳама тадриси мухталиф, аз рӯи зеҳнияти фавқулоддае, ки дошт ошно гардид. Ӯ дар илми калому тавҳид ва улуми ғайб муҷодала намуда, дар ҳалқаҳои музокараи аҳодиси

Паёмбар (с) ва ривояти он ҳозир шуд. Эшон дар ин майдон низ нақши бузург доштанд ва чандин аҳодис аз Паёмбар (с) ривоят карданд. Баъд аз он имом Абуҳанифа (раҳ) рӯ ба фиқҳ овард. Баъд аз ин ки ба умқи дигар илмҳо ошно гардид, назди машоихи бузурги Куфа маводи мухталифи фиқҳро амӯхт ва шогирди яке аз онҳо гардида, аз назди ӯ фориғуттаҳсил шуд. Куфа дар он замон ватани фуқаҳои Ироқ маҳсуб меёфт.

Имом Абуҳанифа (раҳ) бар ин бовар буд, ки толиби илми фиқҳ бояд фиқҳро аз машоихи мухталиф ҳосил кунад ва дар фазои он зиндагӣ намояд ва мулозими яке аз он фақеҳони мумтоз шуда аз назди ӯ фориғуттаҳсил гардад, то ӯро аз масоили дақиқи он огоҳ созад. Дар ин боб ҷои дигар чунин менигорад: Дар маъдани илм ва фиқҳ будам, пас ба аҳли он ҳамнишин гаштам ва фақеҳе аз фуқаҳои онро мулозим гаштам.

더 보기

What's new in the latest 21.013

Last updated on Jan 28, 2018
Minor bug fixes and improvements. Install or update to the newest version to check it out!
더 보기

비디오 및 스크린 샷

  • Имом Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит (раҳ)‎ 포스터
  • Имом Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит (раҳ)‎ 스크린샷 1
  • Имом Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит (раҳ)‎ 스크린샷 2
  • Имом Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит (раҳ)‎ 스크린샷 3
  • Имом Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит (раҳ)‎ 스크린샷 4
  • Имом Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит (раҳ)‎ 스크린샷 5
  • Имом Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит (раҳ)‎ 스크린샷 6
  • Имом Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит (раҳ)‎ 스크린샷 7

Имом Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит (раҳ)‎의 오래된 버전

APKPure 아이콘

APKPure 앱을통한매우빠르고안전한다운로드

한번의클릭으로 Android에 XAPK/APK 파일을설치할수있습니다!

다운로드 APKPure
thank icon
사용자 환경을 개선하기 위해 이 웹 사이트의 쿠키 및 기타 기술을 사용합니다.
이 페이지의 링크를 클릭하면 당사의 개인 정보 보호 정책쿠키 정책에 동의하는 것입니다.
더 알아보기