Имон ва Куфр
Oписание Имон ва Куфр
Whaler "Eamon wa Kufr" bo zaboni Tochiki
https://vk.com/kitobhona
https://ok.ru/group/53630571643013
Фитнаҳои қарни бисту якум
Дар рӯзгори мо ҳодисаҳои печидае рух медиҳад, ки пас аз гузашти солҳо чеҳраи воқеии худро нишон медиҳад.
Дар қарни бистум барномаи ҳокимони ғарб зарба задан ба қудрату тавони мусулмонон ва таҷзияи кишварҳои исломӣ буд. Саранҷом ҳукумати усмонӣ ба чанд кишвари майдаи вобаста ва фармонбар тақсим шуд. Ишғолгарон аз шимол ва ҷануб Эронро ишғол карданд.
Қарни бисту якум бо ҳодисаи ёздаҳи сентябри 2001 оғоз шуд. Ҳамагон ҳатто сиёсатмадорон дар ин фикр фурӯ рафта буданд, ки чигуна дар кишваре, ки ҳама чиз ба диққат пайгирӣ мешавад беш аз се ҳазор нафар ва ду бурҷро дар як ҳамла аз байн бибаранд. Ҳанӯз иллати ин ҳодиса маълум нашудааст.
Афроди боҳуш, ки ҳаводиси ҷаҳонро пайгирӣ мекунанд аз натоиҷи он ҳодиса метавонанд омилонро бишиносанд ва ангезаҳоро бифаҳманд. Гӯё бори дигар меросхори истеъмор бо унвони мубориза бо тероризм, ҳокимият ва ҳузурашро дар Афғонистон, Покистон, Ироқ, Сурия ва Яман мустаҳкам кард.
Дар кишваре, ки дин мавриди алоқаи мардум ва унсури расмӣ бошад аз ҳамон дин зидди он беҳтар аз ҳар омиле метавон баҳра гирифт. Падидаи зишти такфир беҳтарин намунаи он аст, ки ба унвони мубориза бо куфр ва нашри тавҳид дар пайи зарба задан ба дину диндорӣ аст ва ошкоро бо кӯмакҳои душманон оташи ҷангро дар кишварҳои исломӣ равшан мекунад. Зану мард ва кучаку бузургро аз дами теғ мегузаронанд ва зерсохтҳоро нобуд мекунанд. Мутаассифона ҳамаи ин авомили вайронгар ба номи Ислом анҷом мегирад.
Аз оғози қарни бисту якум гуруҳҳое бо парчами дин ба номи Алқоида, Толибон ва ахиран Доиш (ояндаро Худо медонад) ба вуҷуд омадаанд, ки хостаҳои душманонро иҷро мекунанд. Гӯё Худо меъёри тавҳид ва куфрро ба дасти онон супорида аст, то ҳар гуруҳеро бихоҳанд мусулмон ё кофир ва муртад эълом кунанд. Инҳо намунаи дигаре аз Хавориҷ ҳастанд, ки дар замони ҳазрати Алӣ(а) ва пас аз вай зуҳур карда фоҷеаҳоеро ба вуҷуд оварданд.
Мутаассифона пайваста мағзҳои хушк ва ҷоҳил дар ҳар замон бузургони Исломро такфир мекардаанд. Ифтихори шарқ ва мутафаккири бузурги Ислом Абӯалӣ Сино низ аз дасти ин афрод дар амон набуда ва ин ду байтро суруда аст:
Куфре чу мане газофу осон набувад
Маҳкамтар аз имони ман имон набувад
Дар даҳр чу ман якеву он ҳам кофир
Пас дар ҳама даҳр як мусулмон набувад
Вазифаи донишмандони дилсӯз, боинсоф ва душманшинос аст, ки барои дармони ин дард ва пешгирӣ аз гирифтор шудани умум ва берун рафтан аз ин вазъият роҳи ҳалле бияндешанд ва ҳар кадом дар ҳадди тавон вазифаи худро анҷом диҳанд.
Дар ин рисолаи кутоҳ таърихчаи падидаи такфир ва пояҳои фикрӣ ва каломии ин гуруҳ баён мешавад, то қадаме барои тавҳиди калима ва бародарии исломӣ бардошта шавад. Иншоаллоҳ.
Зарурати огоҳӣ
Зиндагии инсон дар қарни бисту якум бо хушунат ва танишҳо ҳамроҳ аст. Дар ҳар моҳ, балки ҳар рӯз хабари ҷангу ҷидол ва куштор ба гӯш мерасад. Инсоне, ки аз решаи унс аст ва бояд бо ҳамнавъони худ зиндагии мусолиматомез дошта бошад дарандахӯ ва ваҳшӣ ва гӯё “ҳайвони ҷангҷӯ” шудааст.
Мушоҳидаи ин вазъи ногувор махсусан дар минтақаи ховари миёна муаллифро бар он дошт, то ба баррасии яке аз иллати ин нобасомонӣ аз назари Қуръон, ҳадис ва таърих бипардозад. Нобасомонии имрӯз дар минтақа ранги ҷанги тоифаӣ ва мазҳабӣ ба худ гирифта аст. Имрӯз гуруҳи навзуҳур ҳаққи Худованд дар таъйини ҳудуди имон ва куфрро, ки паёмбарони илоҳӣ онро аз сӯи Худо иблоғ мекарданд аз худ карда бо меъёрҳои сохтагӣ гуруҳеро мӯъмин ва гуруҳеро кофир муаррифӣ мекунанд. Ҳатто дар ин ҳад басанда накарда бо ҷамъоварии силоҳ ва баҳрагирӣ аз содаандешӣ ва нодонии ҷавонон ба куштори мухолифон даст зада минтақаеро “дорул ислом” ва минтақаи дигареро “дорул куфр” номидаанд. Онҳо муътақиданд, ки ҳама чизи мухолифон ҳалол ва мубоҳ аст. Бояд занони онон ба канизӣ гирифта мардони онон кушта шаванд ва амволашон ба унвони ғанимати ҷангӣ тақсим шавад.
китоб китоби исломи мусулмони мусалмони ислом точики точик таджик таджикский точикистон таджикистан
Что нового в последней версии 422.022
Информация Имон ва Куфр APK
Старые Версии Имон ва Куфр
Имон ва Куфр 422.022
Супер Быстрая и Безопасная Загрузка через Приложение APKPure
Один клик для установки XAPK/APK файлов на Android!