Sobre este Луғати ҳуқуқи байналмилалӣ (ан
Луғати ҳуқуқи байналмилалӣ
Пешгуфтор
Эълон шудани истиқлолияти давлатии Тоҷикистон 9 сентябри соли
1991 ба ҷаҳониён дар бораи пайдо шудани субъекти нави ҳуқуқи
байналмилалӣ хабар расонд. Акнун Тоҷикистон ҳамчун давлати тозабунёд
узви ҷомеаи ҷаҳон гардид, пояи давлатдории миллӣ-ҳуқуқӣ ва
байналмилалӣ-ҳуқуқии худро барои таҳкими муносибатҳои дўстона бо
соири кишварҳои ҷаҳон гузошт. Дар муддати кўтоҳи таърихӣ Тоҷикистон
заминаи устувори ҳуқуқиро дар таъсиси муносибатҳои давлатӣ бо
кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳамвор кард.
Имрўз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 151 давлати ҷаҳон муносибатҳои
дипломатӣ барқарор намудааст ва узви комилҳуқуқи чунин созмонҳои
пурнуфуз, мисли Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва ҳамкорӣ
дар Аврупо, Созмони ҳамкории Иқтисодӣ, Созмони ҳамкории Исломӣ,
Хазинаи Байналмилалии Асъор, Бонки Умумиҷаҳонӣ, Созмони ҳамкории
Шанхай, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва диг. мебошад. Дар
пойтахти ватанамон ш.Душанбе даҳҳо сафоратхонаҳои мамлакатҳои
хориҷӣ ва намояндагиҳои созмонҳои байналмилалӣ дарҳои худро боз
намуданд. Дар навбати хеш Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар як қатор
давлатҳои ҷаҳон намояндагиҳои дипломатӣ ва консулӣ барқарор намуд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси принсипҳо ва меъёрҳои
умумипазируфташудаи ҳуқуқи байналмилалӣ шартномаҳои дуҷониба ва
бисёрҷонибаро дар бораи ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва
фарҳангӣ ба имзо расонд.
Имрўз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар навбати аввал ба тарҷумонҳои
варзида дар соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ ва ҳуқуқи байналмилалӣ
ниёз дорад. Онҳо бояд донишҳои чуқур ва васеъи фарҳангиро дар соҳаи
ҳуқуқи байналмилалӣ дошта бошанд. Дар ин ҷода муаллиф кўшиш намуд,
ки бо тартиб додани фарҳанги англисӣ-тоҷикии ҳуқуқи байналмилалӣ дар
ин кори хайр саҳмгузор бошад.
Фарҳанги мазкур барои донишҷўёни факултетҳои ҳуқуқшиносии
мактабҳои олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар риштаи ҳуқуқи
байналмилалӣ тадқиқот мегузаронанд, кормандони вазоратҳо ва
муассисаҳое, ки бо равобити хориҷии кишвар сару кор доранд, пешкаш
мегардад.
Cаидумар Раҷабов,
доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор
Novidades em 1.7 mais recente
Informações sobre Луғати ҳуқуқи байналмилалӣ (ан APK
Versões Antigas de Луғати ҳуқуқи байналмилалӣ (ан
Луғати ҳуқуқи байналмилалӣ (ан 1.7
Baixar de Forma Rápida e Segura via APKPure App
Um clique para instalar arquivos XAPK/APK no Android!