Хазор сухан (1000 сухан)

Хазор сухан (1000 сухан)

islam kitab
Jan 19, 2019
  • 4.1 and up

    Android OS

Sobre este Хазор сухан (1000 сухан)

Khazor Sukhan (1000 Sukhan)

САРСУХАН

Ин дастагули тару тоза, суханони ҳикматноку пандомези шевою гуворо, ибороти рехтаю зебо ва матолиби нодир, ки дар маҷмӯаи «ҲАЗОР СУХАН» гирд омада ва ба хонандаи соҳибзавқ пешкаш мешавад, баргу- зидае аз чакидаҳои рӯҳбахши қалами сеҳрофарини Муҳаммади Ҳиҷозӣ, нависандаи нозукбаёни Эрон мебошад.

Саид Муҳаммадбоқир соли 1896 дар Теҳрон ба дунё омадааст. Таҳсилоти ибтидоӣ ва мутавасситаро дар зодгоҳаш фаро гирифта, ҳамаи илмҳои замонаашро ба хубӣ омӯхт. Хусусан, дар омӯхтани сарфу наҳви форсию арабӣ, адабиёт, ҳандаса ва фалсафаю фиқҳ дастболо шуд. Забонҳои англисӣ ва фаронсавиро ҳам хуб медонист. Ин буд, ки давоми таҳсили ӯ дар Франция, дар риштаи техникӣ, ба вуқӯъ пайваст ва пас аз анҷоми таҳсил Муҳаммади Ҳиҷозӣ ҳамчун мутахассис-муҳандиси радиотехникӣ дорои маълумоти олӣ ба Ватан баргашт... Баъд аз чанд муддат ӯ дар Теҳрон мактаби олии сиёсиро хонда тамом кард...

Муҳаммади Ҳиҷозӣ чанд давра вакили маҷлис буда, дар вазифаҳои мухталифи давлатӣ кор кардааст. Солҳои 30-юм ӯ ношири маҷаллаи ҷамъиятӣ-сиёсии «Эрони имрӯз» буд. Ӯ аксар вақти худро сарфи офаридани асарҳои бадеӣ мекард. Романҳои ӯ «Ҳумо» (1927), «Зебо» (1931). «Парвона» (1953) ва повести «Паричеҳр» (1929), ки дар мавзуъҳои иҷтимоию маишӣ эҷод шудаанд, номи Муҳаммади Ҳиҷозиро ҳамчун нависандаи барҷаста машҳур гардониданд. Мавзуи асосии ин асарҳо сарна- вишти фоҷиавии занони Эрон буда, пеш аз ҳама маҳрумияти онҳо аз ҳама гуна ҳуқуқҳои инсонӣ, мазаммат шудааст.

Як силсила ҳикояву новеллаҳои Муҳаммади Ҳиҷозӣ баёнгари тарзи зиндагӣ, урфу одат ва маишати мардуми миёнаҳоли шаҳр мебошад, ки ба он аз ҷумла ҳикояҳои маҷмуаҳои «Андеша» (1940), «Оина» (1942), «Соғар» (1945) мисол шуда метавонанд. Ин қабил ҳикояҳо оҳанги панду ахлоқӣ дошта, аз ҷиҳати сабки худ ба асарҳои классикии адабиёти Эрон наздикӣ доранд.

Муҳаммади Ҳичозӣ ба жанрҳои мухталиф асар эҷод кардаасг ва дар байни онҳо намоишномаҳо низ ҳастанд, Пиесаҳои панду ахлоқӣ, тарбиявӣ ва таърихии ӯ «Арӯси фарангӣ», «Ҳоҷиҳои мутаҷаддид», «Ҳофиз» ва «Маҳмудоқоро вакил кунед» бисёр саҳнаҳои театрҳоро дидаанд.

Матолиби «ҲАЗОР СУХАН»-ро Ҳочӣ Саидалӣ Камолии Дезфулӣ аз осори ин нависандаи хушсалиқа интихобан ҷамъоварӣ намудааст. Ин ҷумлаю ибораҳои мухтасар, вале пурмазмун дар ҳама мавридҳои зиндагӣ касро ба кор ояд.

Таҳияи ин муаллифот аз рӯи матни китоби «ҲАЗОР СУХАН» (нашри дуюм, чопи Теҳрон, 1341 ҳиҷрии шамсӣ) тавассути муаллифи ин сатрҳо сурат гирифтааст.

Абулҳай АСРОРОВ

Mostrar mais

Novidades em 1.0 mais recente

Last updated on Jan 19, 2019
Minor bug fixes and improvements. Install or update to the newest version to check it out!
Mostrar mais

Vídeos e capturas de tela

  • Хазор сухан (1000 сухан) Cartaz
  • Хазор сухан (1000 сухан) imagem de tela 1
  • Хазор сухан (1000 сухан) imagem de tela 2
  • Хазор сухан (1000 сухан) imagem de tela 3
  • Хазор сухан (1000 сухан) imagem de tela 4
  • Хазор сухан (1000 сухан) imagem de tela 5
  • Хазор сухан (1000 сухан) imagem de tela 6
APKPure ícone

Baixar de Forma Rápida e Segura via APKPure App

Um clique para instalar arquivos XAPK/APK no Android!

Baixar APKPure
thank icon
We use cookies and other technologies on this website to enhance your user experience.
By clicking any link on this page you are giving your consent to our Privacy Policy and Cookies Policy.
Learn More about Policies