Таърихи халки точик (синфи 9)

Таърихи халки точик (синфи 9)

  • 28.0 MB

    Taille de fichier

  • Android 4.0+

    Android OS

À propos de Таърихи халки точик (синфи 9)

Таърихи халки точик (синфи 9)

Хонандагони азиз! Дар синфи 8-ум ҳангоми омӯзиши таърихи

халқи тоҷик огоҳ гаштед, ки ба тоҷикони Осиёи Марказӣ

ва Афғонистон аз охири асри XIV, яъне бо бунёди давлати Темуриён

ва аз тарафи онҳо барҳам дода шудани давлати Куртҳо

(1245-1389), то миёнаи асри XIX муяссар нагардид, ки (ба ҷуз

мулкҳои кӯчаки алоҳида) дигар давлатдории худро ба вуҷуд

оваранд. Барои амалӣ гардидани ин мақсад парокандагию

нотифоқӣ, маҳалгароӣ, мансабталошӣ, ки дар байнашон дида мешуд,

монеаи ҷиддие ба ҳисоб мерафт. Маҳз ҳамин омилҳо боиси

парокандагӣ ва ниҳоят, маҳви давлати Темуриён гардиданд. Чупин

вазъият ба қабилаҳои бодиянишини ӯзбекони Дашти Қипчок

имкон фароҳам овард, ки қисми бузурги Осиёи Марказиро зери

тасарруфи худ дароварда, дар ин сарзамин давлатдории худро

бо номи Шайбониён бунёд кунанд. Онҳо якҷоя бо Аштархониён

(ё худ Ҷониҳо) дар ин сарзамин қариб 250 сол (солҳои 1501 -

1747) ҳукмронӣ карданд, вале пайиҳам боло гирифтани ҷанҷоли

мансабхоҳӣ поян ин давлатҳоро низ заиф кард. Ин ба шоҳи Эрон

- Нодиршоҳ имкон дод, ки қисми бузурги Осиёи Марказиро як

муддати кӯтоҳ ба ҳайати империяи худ дохил намояд, аммо худи

ӯ ҳам ҳадафи чунин ҷанҷолҳо гардид.

Дар Осиёи Марказӣ парокандагии феодалӣ давра ба давра

вусъат меёфт. Дар қатори аморати Бухоро, хониҳои Хеваю

Қӯқанд, инчунин мулкҳои гуногуни нисбатан хурд низ худро

мустақил меҳисобиданд. Онҳо дар асл мулкҳои ниммустақил

буда, тез-тез ҳадафи ҳуҷуми давлатҳои нисбатан калони ин сарзамин,

махсусан, аморати Бухоро ва хонии Қӯқанд мегардиданд.

Чунин вазъият ба рушди иқтисод, тиҷорат ва илму фарҳанг халал

расонида, зиндагии мардумро вазнин мегардонид.

Дар натиҷаи кашфиёти бузурги ҷуғрофӣ Роҳи бузурги абрешим,

ки ҳанӯз дар асри II то милод ташаккул ёфта, аз қаламрави

Осиёи Марказӣ ва Афгонистону Эрон гузашта, давлати Чинро бо

давлатҳои Аврупою Африқои Шимолӣ мепайваст, моҳияти пештараи

худро гум кард. Акнун тоҷирони чинӣ ва ҳиндӣ бештар аз

роҳҳои обӣ истифода мекарданд. Чунин ҳолат вазъи тоҷирони

Осиёи Марказиро, ки дар замони Роҳи бузурги абрешим асосан

нақши миёнаравро мебозиданд, душвор гардонид, вале дар асри

XVI (замони ҳукмронии Шайбониён) онҳо роҳи наҷотро пайдо

намуданд. Минбаъд тиҷорати мулкҳои Осиёи Марказӣ бо давлати

Русия васеъ шуда, сол то сол тараққӣ ёфт. Тиҷорат па танҳо

мардуми мулкҳои гуногунро ба ҳам наздик мекард, балки бароп

рушди касбу корҳои гуногун имкон ба вуҷуд меовард.

Аз ибтидои асри XIX вазъи ҷаҳон хеле тағйир ёфт. Давлатҳоп

бузурги замон - Англия, Фаронса ва Русия мехостанд, ки ҳар кадом

дар миқёси ҷаҳон нуфузи ҳарчи бештар дошта бошанд. Дар

натиҷаи рақобати байни онҳо ҷангҳои мухталиф ба амал омада,

бисёре аз давлатҳои нисбатан хурд ва сусттараққӣ мутеи

давлатҳои абарқудрати давр мегаштанд.

Маҳз парокандагии феодалӣ, қафомондагии иқтисодию

сиёсӣ, ҷангҳои беохири байнихудии мулкҳои Осиёи Марказӣ,

рақобати байни Русияю Англия амалиёти ҷангии қӯшунҳои Русияро

барои забти Осиёи Марказӣ тезонид. Дар натиҷа мулкҳои

ин сарзамин ба мустамликаи Русия табдил ёфтанд. Аз тарафи

ҳукумати подшоҳӣ дар он минтақаҳое, ки бевосита ба ҳайати империяи

Русия дохил карда шуданд (яъне қаламрави генерал - губернатории

Туркистон) тартиботи сахти мустамликавй ҷорӣ карда

шуд.

Х,укумати подшоҳии Русия хонии Қӯқандро барҳам дода бошад

ҳам, барояш ба таври расмӣ нигоҳ доштани аморати Бухоро

ва хонии Хева аз ҷиҳати сиёсию иқтисодӣ манфиатнок буд.

Дар амал ҳукумати подшоҳии Русия дар тамоми сарзамини Осиёи

Марказй назорати қатъӣ ҷорӣ намуда, ба парокандагии иқтисодӣ

ва рақобати мансабталошии амалдорони он то андозае хотима

гузошт. Русия Осиёи Марказиро ба макони ашёи хом ва

бозори молфурӯшии сармоядорони худ табдил дод. Дар муддати

кӯтоҳ дар қаламрави ин сарзамин роҳҳои оҳан сохта шуд,

ташкилотҳои бонкию заводҳо ба вуҷуд омаданд. Ниҳоят, Осиёи

Марказӣ на танҳо ба бозори умумирусиягӣ, балки тавассути он ба

бозори умумиҷаҳонӣ кашида шуд.

Voir plus

What's new in the latest 1.0

Last updated on Sep 4, 2018
Minor bug fixes and improvements. Install or update to the newest version to check it out!
Voir plus

Vidéos et captures d'écran

  • Таърихи халки точик (синфи 9) Affiche
  • Таърихи халки точик (синфи 9) capture d'écran 1
  • Таърихи халки точик (синфи 9) capture d'écran 2

Vieilles versions de Таърихи халки точик (синфи 9)

APKPure icône

Téléchargement super rapide et sûr via l'application APKPure

Un clic pour installer les fichiers XAPK/APK sur Android!

Téléchargement APKPure
thank icon
We use cookies and other technologies on this website to enhance your user experience.
By clicking any link on this page you are giving your consent to our Privacy Policy and Cookies Policy.
Learn More about Policies