Хазрати Фотима

Хазрати Фотима

  • 3.2 MB

    Taille de fichier

  • Android 4.1+

    Android OS

À propos de Хазрати Фотима

Nigarishi kӯtoҳe ba Zindagi Zindagi chaҳordaҳ masum Bon Bonuvoni Fotimai Zaҳro

https://vk.com/kitobhona

https://ok.ru/group/53630571643013

Сарсухан

Бисмиллоҳир-Раҳмонир-Раҳим

Аҳли Байт алайҳимуссалом мероси гаронбаҳое аз худ боқӣ гузоштаанд, ки пайравонашон онро аз хатари нобудӣ ҳифз намудаанд. Ин намунаи фарогири як мактабе аст, ки шохаҳои мухталифи маърифати исломиро дар бар дошта ва тавониста аст ашхоси зиёди тавонмандеро барои сероб шудан аз ин чашмаи ҷӯшон, парвариш ва тақдими уммати исломӣ намояд.

Ин донишмандон бо пайравӣ аз Аҳли Байти Паёмбар(с) дар мақоми посухгӯӣ ба дасисаҳо ва шубҳаҳои воридшуда аз сӯи мазҳабҳо ва ҷараён-ҳои фикрии дохил ва хориҷи ҷомеаи исломӣ баромада, дар давоми қарнҳои гузашта пеш-ниҳодкунандаи матинтарин посухҳо ва роҳи ҳалҳо барои ин шубҳаҳо буда ва ҳастанд.

Маҷмаи ҷаҳонии Аҳлибайт(а) бар асоси масъулиятҳои бар гардан гирифтаи худ ба дифоъ аз ҳарими рисолат ва эътиқодоти ҳақиқии он; ҳақоиқе, ки арбоби фирқаҳо, мазҳабҳо ва асҳоби ҷараёнҳои мухолифи Ислом пайваста дар мухо-лифат бо он кӯшиш ба харҷ додаанд, камари ҳиммат баста аст. Маҷмаи ҷаҳонии Аҳлибайт(а) худро дар ин роҳи муқаддас пайрави шогирдони ростини мактаби Аҳлибайт(а) медонад; ҳамон, ки ҳамвора барои радди ин иттиҳомоти давомдор омодагӣ дошта ва кӯшиш намудаанд мутобиқ бо зарурати ҳар асру замон дар сафи пеши ин мубориза боқӣ монанд.

Таҷрибаҳое, ки дар ин замина дар китобҳои донишмандони мактаби Аҳлибайт(а) захира шудаанд, дар навъи худ беназир мебошанд. Зеро ин таҷрибаҳо аз дастовардҳои илмӣ бар асоси ҳокимияти ақл, истидлол, дурӣ аз ҳавою ҳавас ва таассуби кӯркӯрона бархурдор буда, мутахасси-сон ва соҳибони андешаро чунон мавриди хитоб қарор медиҳад, ки ақли солим ва фитрати поки инсон пазирои он бошад.

Маҷмаи ҷаҳонии Аҳлибайт(а) кӯшида аст, то марҳалаи наве аз ин таҷрибаҳои арзишмандро дар маҷмӯае аз таҳқиқот ва таълифоти муал-лифони муосир аз мактаби Аҳлибайт(а) барои ташнагони ҳақиқат қарор диҳад.

Ин Маҷмаъ ҳамчунин иқдом ба таҳқиқ ва нашри таълифоти судманди гузаштагон ва шахсиятҳои барҷастаи пайравони ин мактаб намудааст, то ин манобеъ низ ташнагони ҳақиқатро чашмаи гуворое бошад, то дар асри такомули босуръати ақлҳо гӯши ҷони худро бар ҳақоиқе, ки Аҳли Байти рисолат(а) барои ҳамаи ҷаҳониён ба армуғон овардаанд, бикушоянд.

Умедворем хонандагони мӯҳтарам бо пешни-ҳоди назарияҳо ва пешниҳодҳои арзишманд ва интиқодҳои созандаи худ Маҷмаи ҷаҳонии Аҳлибайт(а)-ро дар ин замина бонасиб гардо-нанд.

Ҳамчунин аз соири муассисаҳо, донишмандон ва тарҷумонҳо даъват мекунем, то дар нашри фарҳанги Исломи ноби Муҳаммадӣ(с) моро ёрӣ намоянд.

Аз Худованди мутаол мехоҳем ин талоши ночизро аз мо қабул намуда, талоши моро зери сояи ҷонишини худ дар замин ҳазрати Маҳдӣ (Худованд зуҳурашро наздик гардонад) рӯзафзун-тар созад.

Муовинати фарҳангии

Маҷмаи ҷаҳонии Аҳлибайт (а)

Бонуи бонувон ҳазрати

Фотимаи Заҳро (а)

Хулосаи зиндагии

Фотимаи Заҳро (а)

Ном: Фотима

Куния: Уммулҳасан, Уммулҳусайн, Уммул-мӯҳсин, Уммулаимма ва Уммуабиҳо.[1]

Бархе аз машҳуртарин лақабҳо: Заҳро, Батул, Сиддиқаи Кубро, Муборака, Азроъ, Тоҳира ва Сайидатуннисо.[2]

Падар: Расули Акрам Муҳаммад ибни Абдулло Паёмбари азимушшаъни Ислом (с).

Модар: Хадичаи Кубро - нахустин ҳамсари Паёмбар(с) ва аввалин зане, ки ба ӯ имон овард.

Таваллуд: Соли панҷуми баъсат дар Маккаи Мукаррама.[3]

Шаҳодат: Соли ёздаҳуми ҳиҷрат дар Мадинаи Мунаввара, дую ним моҳ пас аз вафоти Паёмбар(с).[4]

Макони дафн: Ба ҷиҳатҳои сиёсӣ ва бинобар васияти худ, шабона ва махфиёна тавассути Амири мӯъминон Алӣ (а) ба хок супорида шуд[5] ва то имрӯз маҳалли дақиқи қабри мутаҳҳари Заҳро (а) маълум нашуда аст.

Фарзандон: Имом Ҳасани Муҷтабо(а), Имом Ҳусайни Сайидушшуҳадо(а), Зайнаби Кубро, Умми Кулсум ва Мӯҳсин, ки сақт шуд.[6]

Навзоди ваҳй ва рисолат

Хазрати Фотимаи Захро духтари Паёмбар Пайгамбар Пайғамбар китоби исломи исломӣ ислом имон модари мусалмон мусалмонхо мусулмон мусулмонхо точики точик таджикистан таджикский таджикское китобхона китобхо книг книги

Voir plus

What's new in the latest 34.0123

Last updated on Apr 29, 2018
Minor bug fixes and improvements. Install or update to the newest version to check it out!
Voir plus

Vidéos et captures d'écran

  • Хазрати Фотима Affiche
  • Хазрати Фотима capture d'écran 1
  • Хазрати Фотима capture d'écran 2
  • Хазрати Фотима capture d'écran 3
  • Хазрати Фотима capture d'écran 4
  • Хазрати Фотима capture d'écran 5
  • Хазрати Фотима capture d'écran 6
  • Хазрати Фотима capture d'écran 7

Vieilles versions de Хазрати Фотима

APKPure icône

Téléchargement super rapide et sûr via l'application APKPure

Un clic pour installer les fichiers XAPK/APK sur Android!

Téléchargement APKPure
thank icon
We use cookies and other technologies on this website to enhance your user experience.
By clicking any link on this page you are giving your consent to our Privacy Policy and Cookies Policy.
Learn More about Policies