APKPure で安全で高速な APK のダウンロード
APKPure は署名検証を使用して、ウイルスフリーの ШОХНОМА Ч1 APK ダウンロードを保証します。
SHOHNOMA N1
ШОҲНОМА Ҷилди 1
ОҒОЗИ КИТОБ
Ба номи худованди ҷону хирад,
К-аз ин бартар андеша барнагзарад:
Худованди ному худованди ҷой,
Худованди рўзидиҳу раҳнамой.
Худованди Кайҳону гардонсипеҳр,
Фурўзандаи Моҳу Ноҳиду Меҳр.
Зи ному нишону гумон бартар аст,
Нигорандаи баршуда гавҳар аст.
Ба бинандагон офаринандаро
Набинӣ, маранҷон ду бинандаро!
Наёбад бад-ў низ андеша роҳ,
Ки ў бартар аз ному аз ҷойгоҳ.