Саргузашти Муҳаммад (с)

Саргузашти Муҳаммад (с)

Abdullah™
Nov 30, 2021
  • 5.0 and up

    Android OS

Mengenai Саргузашти Муҳаммад (с)

Sarguzashti paygambar Muҳammad (s) dar asri saodat.

Моҳи апрели соли 571. Пагоҳии як рӯзи душанбе шарқу ғарби оламро равшании ғайриодие фаро гирифт. Он рӯз дар саросари олам ҳодисаҳои аҷоибе рух доданд.

Бутҳои Каъба рӯ ба замин чаппа шуданд. Ин ҳолат мардумро дар ҳайрат гузошт. Чӣ гуна мумкин аст, ки бутҳои устувор сарозер ба замин афтанд?

Воқеаи дигар дар сарзамини Форс рух дод, ки аз Макка садҳо фарсах дур буд. Шоҳ Хусравро ҷунбиши даҳшатноке аз хоб бедор кард. Ӯ аз ҷои хобаш ҷаҳида бархост ва сабаби ин ҳолатро пурсуҷӯ кард. Пас аз дамидани субҳ посбонҳо бо лаҳни тарсомез ба ӯ хабар доданд:

- Подшоҳо! Чаҳордаҳ бурҷи қаср якбора ба замин афтодаанд.

Дере нагузашта, дар кӯчаҳои мулки Форс доду фарёде ба гӯш расид:

- Оташ хомӯш шуд! Оташ хомӯш шуд!

Мардумро ба шунидаи худ боварашон намеомад. Оташе, ки тули ҳазор сол парастиш менамуданд, ногаҳон хомӯш шуда буд.

Дар минтақаи дигари он сарзамин ҳам ҳодисаи ҳайратоваре рух дод. Сокинони шаҳри Сова аз хушк гардидани кӯли муқаддас дар тааҷҷуб афтоданд. Хоки замин оби фаровонеро фурӯ кашида буд. Мардуми он сарзамин аз оби муқаддасашон маҳрум монданд. Касе ин ҳодисаро маънидод карда натавонист.

Ҳамчунин касоне, ки он шаб ба осмон нигаристанд, дар ҳайрат монда буданд.

- Нигоҳ кунед! Ба ин ҷо нигоҳ кунед! Ситораҳо пайдарпай фурӯ мерезанд, - мегуфтанд онҳо.

- Ин хеле аҷиб аст! Агар чунин ҳолат идома ёбад, дар осмон ситорае намемонад... Субҳи дигар офтоб аз пушти теппаҳо намудор шуд. Дар хонаи Омина рафтуомаде ба назар мерасид. Абдулмутталиб дар назди Каъба нишаста буд. Зане давида омад ва гуфт:

- Муждагонӣ диҳед! Набераатон ба дунё омад. Вай писарбача аст.

Абдулмутталиб аз шунидани чунин хушхабар шод гардид. Ӯ аз ҷояш бархеста, рост ба хона рафт ва ятими писараш - Абдуллоҳро ба оғӯш гирифт. Чӣ тифли дӯстрӯе! Доим табассум мекард. Абдулмутталиб гуфт:

- Ин писарбача дар оянда, ҳатман, шахси бузурге хоҳад шуд.

Омина ҳодисаеро нақл кард, ки ҳангоми ҳомила будан дар хоб дида буд. Ӯ дар хобаш шахсеро дид, ки рӯ ба рӯяш истода, чунин мегуфт:

«Бидон, эй Омина, ки ту беҳтарини оламиёнро дар батни худ дорӣ. Вақте таваллуд мешавад, номашро Муҳаммад гузор ва аз ҳолаш касеро хабардор макун».

Ҳамин тавр, Омина ба фарзандаш Муҳаммад ном гузошт. Абдулмутталиб, ки набераи худро дар оғӯш гирифта буд, ба назди Каъба омад. Дар он ҷо дуру дароз дуо карда, Худоро шукргузорӣ намуд. Сипас, ба хона баргашт ва навзодро ба модараш дод. Тифли дӯстрӯ, ки қарор буд, дар оянда пайғамбари охирзамон шавад, ба хӯрдани шири модар шурӯъ кард. Аммо Омина шир надошт. Дарҳол чорае пайдо карданд. Дояи ҳазрати Ҳамзаро, ки Сувайба ном дошт, даъват намуданд. Навзодро ба оғӯши ӯ доданд ва Пайғамбари маҳбуби мо (с) аввал шири ҳамин занро хӯрдааст.

Ҳамин тавр, ӯ бо ҳазрати Ҳамза, ки амакаш мебошад, бародари ширхӯра шуд.

Tunjukkan Lagi

What's new in the latest 1.0

Last updated on Nov 30, 2021
Minor bug fixes and improvements. Install or update to the newest version to check it out!
Tunjukkan Lagi

Video dan tangkapan skrin

  • Саргузашти Муҳаммад (с) penulis hantaran
  • Саргузашти Муҳаммад (с) syot layar 1
  • Саргузашти Муҳаммад (с) syot layar 2
  • Саргузашти Муҳаммад (с) syot layar 3
APKPure ikon

Muat Turun Super Pantas dan Selamat melalui Apl APKPure

Satu klik untuk memasang fail XAPK/APK pada Android!

Muat Turun APKPure
thank icon
Kami gunakan kuki dan teknologi yang lain pada laman web ini untuk menambah baik pengalaman anda.
Dengan klik mana-mana pautan pada halaman ini, anda bersetuju dengan Dasar Privasi dan Dasar Kuki kami.
Baca Yang Selanjutnya