Марг дар мезанад
Over Марг дар мезанад
Nuskhai ҷadidi barnoma bo ki isloҳi mushkiliҳoe gift barnoma vuҷud dosht
Ба номи Худованди бахшандаву меҳрубон
Сухани худро бо касоне оғоз мекунам, ки дар адои намоз сустӣ мекунанд. Закотро зиён мепиндоранд. Қуръонро аз худ дур қарор додаанд. Дуруғро пеша ва вазифаи худ кардаанд. Бутҳои дохилро ба ибодат гирифтаанд. Волидайнро оқ шудаанд. Дар дарёи гуноҳ ва маъсият ғутавар шудаанд. Шабро бар мусиқӣ ва тамошои филм ва ғафлат ба хоб мераванд ва субҳ низ бо ин ҳол аз хоб бедор мешаванд. Намози бомдодашон фидои шабзиндадорӣ дар нишастҳои айшу нуши шабона мешавад. Суханам бо ғарқ шудагоне аст, ки номи футболистҳои дунё ва рузи таваллуди онҳоро аз ёд медонанд, аммо аз зиндагии Паёмбари Худо (салаллоҳу алайҳи васаллам) ва ёронаш бехабаранд. Сухан бо шахсони ғофиле аст, ки ҳама ҳастии худро дунёи ночиз қарор додаанд. Сухан бо бидъатгузороне аст, ки ислом аз онҳо безор ва онҳо аз ислом дуранд. Сухан бо афродест, ки бо дасти хеш дустонро ба хоки гур месупоранд ва худ аз гур ва марг ғофиланд. Сухан бо мардон ва заноне аст, ки либоси гаронбаҳо мепушанд, аммо аз либоси қабр фаромушанд. Оре, бо касоне, ки барои зиндагии дунё туша ҷамъ мекунанд ва аз зоди охират фаромушанд. Аз хашми бандагон метарсанд, вале аз хашми Худои Қодиру Қаҳҳор ғофиланд. Ба қабр ва азоби он, ба қиёмат ва аҳволи он, ба ҳисоб ва тарозуи аъмол имон доранд, вале барои он руз талош намекунанд
What's new in the latest v1.2
Марг дар мезанад APK -informatie
Oude versies van Марг дар мезанад
Марг дар мезанад v1.2
Марг дар мезанад v1.1
Supersnel en veilig downloaden via de APKPure-app
Eén klik om XAPK/APK-bestanden op Android te installeren!