”ИМД-Забони Тоҷикӣ-калидхо (синфи-11)

ИМД-Забони Тоҷикӣ-калидхо (синфи-11)

ROHI NAJOT
Feb 11, 2021
  • 6.4 MB

    ขนาดไฟล์

  • Android 4.0.3+

    Android OS

เกี่ยวกับ ИМД-Забони Тоҷикӣ-калидхо (синфи-11)

Kalidkho az imtiҳon gift zaminai tasiloti umumӣ (sinfi 11-um) Zaboni Tochikiyu IMD

ИМД намунаи саволу масъалаҳои тест аз Математика.имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ (синфи 11-ум) Математика. ИМД.imd mathematics.For Tajikistan Univesities 11 class

Низоми имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ

Дохилшавӣ ба донишгоҳ ва донишкадаҳои ҷумҳурӣ бо шаклу низом ва тартибу талаботи муайян амалӣ мегардад. Дар ҳар мамлакат низоми муайяни тартиби қабули довталабон аз ҷониби ҳукумати он муқаррар мегардад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, асосан, он низоми имтиҳонсупорӣ ва қабул ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (МТОК) истифода бурда мешавад, ки дар давраи советӣ қабул шуда буд.

Дар МТОК ҳангоми қабули донишҷӯён аз усулҳои муосир як намуди тест[1] маъмул аст. Ҳамзамон, довталаб танҳо як МТОК ва як тахассусро интихоб карда, танҳо дар он муассисаи таълимӣ ҳуҷҷатҳои худро супорида метавонад.

Дар баробари ин, боадолатии баҳогузорӣ, меъёри баҳогузорӣ, дастрасӣ ба ҳуқуқи таҳсили ройгон ва шаффофияти баҳогузорӣ аксаран аз ҷониби довталабон мавриди шубҳа ва норозигӣ қарор мегирад.

Мутобиқи талаботи меъёрҳои байналмилалии муосир ба савияи дониши муҳассилини МТОК ва таъмини шароит ҷиҳати иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барномаҳои байналмилалии арзёбии дониши хонандагон Низоми имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ (ИМД) ба МТОК таҳия гардид. Дар асоси он дар шаҳрҳои ҷумҳурӣ марказҳои имтиҳонсупорӣ таъсис дода мешавад. Ташкили ин марказҳо имкон медиҳад, ки довталаб дар маркази бақайдгирии ба макони зист наздик ва ё бо хоҳиши худ ба дигар марказҳои бақайдгирӣ ҳуҷҷатҳояшро супорад. Бо ин роҳ довталаб аз масрафҳои зиёди роҳ ва вақт озод мегардад. Дар ин маврид, яке аз принсипҳои асосии низоми марказонидашудаи дохилшавӣ – интихоби васеъ риоя мегардад.

Ҳангоми сабти ном дар нуқтаҳои бақайдгирӣ шарти дигари муҳими ин низом – махфияти маълумотҳои шахсӣ риоя мегардад. Тамоми маълумот дар бораи довталаб, вақти бақайдгирӣ, тақдими даъватнома, рӯзи имтиҳону натиҷаҳои он ва ба кадом МТОК дохил гардидани ӯ комилан маҳфуз мебошад.

Истифодаи низоми миллии тестӣ ҳангоми ИМД амалӣ гардидани принсипи мувофиқатро имконпазир менамояд. Ба ин тариқ мувофиқати саволномаҳову супоришҳои тестӣ ва талаботи корҳои хаттӣ ба барномаҳои таълимии мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз ҷониби ММТ кафолат дода мешавад.

Мақоми шахс дар амалӣ гардидани ҳар як иқдом хеле муҳим мебошад. Аз маҳорат, донишу малакаи ӯ натиҷаи ниҳоии кор вобаста аст. Бо мақсади иҷро намудани принсипи касбӣ мутахассисони баландихтисосу пуртаҷриба ба кор ҷалб шудаанд.

Ҷиҳати бартараф намудани ҳодисаҳои номатлуб ҳангоми қабули довталабон ба МТОК ва таъсири одам ба раванди он низоми ИМД аз ибтидо то интиҳо тавассути компютер амалӣ мегардад. Штрих-кодгузории рамзҳо[2], санҷиш, баҳогузорӣ, натиҷаи имтиҳонҳо ва афзалияти интихоби тахассус ва МТОК комилан бар зиммаи барномаҳои компютерӣ мебошад.

Татбиқи низоми ИМД ба МТОК қадами устувор дар амалӣ намудани раванди рушди маориф, баланд бардоштани савияи касбии мутахассисону донишҷуёни кишвар ва муайян намудани сатҳи дониши муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (МТМУ) хоҳад гашт.

[1] тест – маҷмӯи саволу супоришҳо ё масъалаҳо аст, ки дар асоси барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва китобҳои дарсии амалкунанда таҳия шудааст

[2] Штрихкод- рамзе, ки тавассути хат ва рақам ифода мешавад.

แสดงเพิ่มเติม

What's new in the latest 1.0

Last updated on 2021-02-12
Чавобхо аз фанни ИМД-Забони Тоҷикӣ 2020 синфи-11
แสดงเพิ่มเติม

วิดีโอและภาพหน้าจอ

  • ИМД-Забони Тоҷикӣ-калидхо (синфи-11) โปสเตอร์
  • ИМД-Забони Тоҷикӣ-калидхо (синфи-11) ภาพหน้าจอ 1

ИМД-Забони Тоҷикӣ-калидхо (синфи-11) รุ่นเก่า

APKPure ไอคอน

การดาวน์โหลดที่รวดเร็วและปลอดภัยเป็นพิเศษผ่านแอป APKPure

คลิกเพียงครั้งเดียวเพื่อติดตั้งไฟล์ XAPK/APK บน Android!

ดาวน์โหลด APKPure
thank icon
เราใช้คุกกี้และเทคโนโลยีอื่น ๆ บนเว็บไซต์นี้ เพื่อปรับปรุงประสบการณ์การใช้งานของคุณ
การคลิกลิงก์ใด ๆ ในหน้านี้แสดงว่าคุณยินยอมในส่วนของ นโยบายความเป็นส่วนตัว และ นโยบายคุกกี้ ของเรา
เรียนรู้เพิ่มเติม