ГУЛЧИНИ ҒАЗАЛИЁТ.СайидоиНасафӣ hakkında
GULCHINI ҒAZALIЁT.SayidoiNasafӣ
Бипўш аз ҳастии худ чашму айши ҷовидонӣ кун,
Нишин дар кунҷи хилватхонаи худ, комронӣ кун!
Мадеҳ раҳ дар ҳарими хоси худ васвоси шайтонро,
Ба ҳар ҷо по ниҳӣ атрофи худро посбонӣ кун!
Рухи худ меҳр вақти шом созад аз шафақ гулгун,
Ту ҳам аз ҷоми май дар мавсими пирӣ ҷавонӣ кун!
Фалакро ҷомаи фатҳ аст дар бар хилъати нилӣ,
Либоси хешро, то метавонӣ, осмонӣ кун!
Надорад ҳеҷ суде ин замон ангушт хоидан,
Кӣ гуфт, эй шамъ дар аввал ба оташ ҳамзабонӣ кун?
Табассумҳои рангин ғунчаро дар зери по бошад,
Ғами айём агар дилтанг созад, шодмонӣ кун!
Дили хун гаштаамро аз лаби худ шаодмон гардон,
Сабўи бодаамро пур зи оби зиндагонӣ кун!
Агар хоҳӣ ба занҷир оварӣ пойи бузургонро,
Бирав дар мулки Ҳинду чанд рўзе филбонӣ кун!
Бувад розӣ марги хеш дар кунҷи қафас булбул,
Макаш теғ аз ниёми кину бо мо меҳрубонӣ кун!
Агар хоҳӣ гузорӣ, Сайидо, сар дар рикоби ў,
Ба барқи гарм рав якчанд рўзе ҳамъинонӣ кун!
What's new in the latest 1.0
ГУЛЧИНИ ҒАЗАЛИЁТ.СайидоиНасафӣ APK Bilgileri
ГУЛЧИНИ ҒАЗАЛИЁТ.СайидоиНасафӣ'in eski sürümleri
ГУЛЧИНИ ҒАЗАЛИЁТ.СайидоиНасафӣ 1.0

APK Uygulaması ile Süper Hızlı ve Güvenli İndirme
XAPK/APK dosyalarını Android'e yüklemek için tek tıkla!