Таърихи халки точик (синфи 11)

Таърихи халки точик (синфи 11)

  • 29.4 MB

    Dosya Boyutu

  • Android 4.0+

    Android OS

Таърихи халки точик (синфи 11) hakkında

Таърихи халки точик (синфи 11)

Тарбияи ватандӯстй тарбияест, ки дар натичаи он шаҳрвандон

Ватани худро дӯст дошта, баҳри пешрафти он содиқона меҳнат

мекунанд. Яке аз омилҳои муҳими тарбияи ватандӯстӣ ва ба камол

расонидани ҷавонон дуруст ба роҳ мондани омӯзиши фанни

«Таърихи халқи тоҷик» мебошад.

Ба шарофати соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон омӯхтани

таърихи Ватан ва мақоми он дар ҷомеа торафт афзун мегардад.

Дар ин хусус Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон чунин қайд кардааст: «Агар кас гузаштаи

аҷдоди худро надонад, инсони комил нест! Ин хитоби сода, вале

дар айни замон ҷиддии бузургони илму адаби мо аз қаъри асрҳо

ба гӯш мерасад ва ҳушдор медиҳад, ки аз таърихи миллату сарзамин,

расму русум ва дину оини худ мудом воқиф бошем. Воқеан,

таърихро хотираи инсоният меноманд. Пас ҳар фард бе омӯзиши

таърихи кишвари худ аслу насаб ва маърифати бумиву зотиашро

пойдору бегазанд нигоҳ дошта наметавонад, аз решаи хеш дур ё

канда шуда, ба вартаи гумномӣ ё фано қадам мениҳад ва ба таъбири

имрӯзиён, манқурт мешавад. Ба ифодаи дигар, агар инсон

таърихи гузаштаи худро наомӯзад, табиист, ки аз роҳи тайкарда,

дастовардҳои сиёсиву фарҳангӣ ва бурду бохти мардумаш ноогоҳ

монда, чун махлуқе одамсурат, вале бепарво, бемасъулияту бенишон

умр ба сар мебарад...

Имрӯз мардуми кишвар ба худшиносӣ ва барқарор кардани

хотироти таърихии хеш беш аз пеш ниёз дорад. Мо бояд аз таърихи

гузашта сабақ бигирем ва барои вахдати комили миллй корҳои

бузургеро ба анҷом бирасонем»1.

Дар асару мақола, суханрониҳо ва паёмҳои Пешвои миллат,

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, алалхусус

дар китоби бисёрҷилдаи «Тоҷикон дар оинаи таърих», консепсияи

нави тафаккури таърихӣ пешниҳод гардидааст. Ба туфайли ин

консепсия шоҳроҳе муайян карда шудааст, ки шаҳрвандонамон

таърих ва фарҳанги қадими хешро омӯхта, сатҳи фарҳанги умумӣ

ва сиёсии худро дар асоси анъанаҳои муфиди аҷцодӣ баланд ва

ғанӣ мегардонанд.

Имрӯз ҳар як хонанда вазифадор аст, ки бо кумаки омӯзгорон

таърихи Ватанро аз нигоҳи нав омӯзад. Дар рафти омӯзиш бояд,

пеш аз ҳама, ба омилҳои зерин: аз худ кардани таҷрибаи муфиди

таърихӣ, таҳлили объективонаи мушкилиҳо, камбудиҳо ва

каҷравиҳо дар гузашта, равшан донистани вазифаҳои имрӯза ва

ояндаи давлати Тоҷикистон диққати махсус дода шавад.

Маълум аст, ки қарни XXI дар миқёси ҷаҳон ва дар назди

шаҳрвандони ҷумҳуриямон масъалаҳои ҷиддӣ мегузорад. Барои

ҳалли онҳо шаҳрвандони асри навин бояд таърихи худро хуб дониста,

дорои фарҳанги баланди умумӣ, ахлоқи ҳамида, ватандӯст,

башардӯст, меҳнатдӯст, боодобу хушахлоқ, муборизи роҳи

арзишҳои умумибашарӣ бошанд.

Хонандагони муҳтарам бояд бидонанд, ки баъзе саҳифаҳои

таърихи халқамон ҳанӯз дуруст таҳлил ва таҳқиқ нашудаанд. Масалан,

таърихи қарни ХХ-и халқи тоҷик гуногунранг аст. Баъзе

саҳифаҳои он то алҳол норавшан, баҳсталаб буда, камбудиҳои

ҷиддии дар ҷомеа рухдода таҳлили амиқи худро наёфтаанд. Аз

ин лиҳоз ҳангоми таълиму тадрис ба масъалаҳои зерин диққати

махсус додан лозим аст: сабақҳои таърихии ҷазодиҳиҳои сиёсии

солҳои 30-юм ва баъди ҷанг; сабабҳои солҳои тӯлонӣ дар

Тоҷикистон рушд накардани саноати вазнин; диққати лозима надодан

ба ободии мавзеъҳои кӯҳистон; дар сохтмон, шаҳрсозӣ самаранок

истифода нашудани меъмории миллӣ (хусусан наққошӣ,

кандакорӣ); дар соҳаи кишоварзӣ дуруст истифода нашудани

захираҳои об, аз байн рафтани навъҳои самараноки маҳсулоти

кишоварзӣ, аз ҷумла чорводорӣ ва ғайра.

Китоби дарсии «Таърихи халқи тоҷик» барои синфи 11 дар

асоси барномаи таълимӣ, ки ҳайати Мушовараи Вазорати маориф

ва-илми Ҷумҳурии Тоҷикистон онро тасдиқ кардааст, солҳои

1945-2016-умро дар бар мегирад. Китоб аз ду фасл ва даҳ боб

иборат мебошад. Фасли якум хонандаро бо масъалаҳои давраи

азнавбарқароркунии хоҷагии халқ, масъалаҳои муҳимми

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 50-80-ум шинос хоҳад кард.

Фасли дуюми китоб ба давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии

ТоҶикистон бахшида шудааст.

.

Daha Fazla Göster

What's new in the latest 1.0

Last updated on Aug 22, 2018
Minor bug fixes and improvements. Install or update to the newest version to check it out!
Daha Fazla Göster

Videolar ve ekran görüntüleri

  • Таърихи халки точик (синфи 11) gönderen
  • Таърихи халки точик (синфи 11) Ekran Görüntüsü 1
  • Таърихи халки точик (синфи 11) Ekran Görüntüsü 2

Таърихи халки точик (синфи 11)'in eski sürümleri

APKPure simgesi

APK Uygulaması ile Süper Hızlı ve Güvenli İndirme

XAPK/APK dosyalarını Android'e yüklemek için tek tıkla!

İndir APKPure
thank icon
Kullanıcı deneyiminizi geliştirmek için bu web sitesinde çerezleri ve diğer teknolojileri kullanıyoruz.
Bu sayfadaki herhangi bir bağlantıya tıklayarak, Gizlilik Politikamıza ve Çerezler Politikamıza izin vermiş oluyorsunuz.
Daha fazla bilgi edin