在APKPure安全快速地下載APK
APKPure 使用簽章驗證功能,確保為您提供無病毒的 ГУЛЧИНИ ҒАЗАЛ.Абдураҳмони Ҷомӣ APK 下載。
GULCHINIҒAZAL.AbduraҳmoniҶomӣ
Чу ашки хештан ғалтам миёни хоку хун шабҳо,
Зи рашки он ки бинам ҷоми майро лаб бар он лабҳо.
Шудӣ машҳури шаҳр он сон ки ҳамчун ʺСураи Юсуфʺ,
Ҳамехонанд тифлон қиссаи ҳуснат ба мактабҳо.
Ба хоб ар бар дарат ёбанд ҷо ҷонҳои муштоқон,
Ба бедорӣ куҷо оянд дигар сўйи қолабҳо?!
Зи ту ҳар шаб зи бас ё раб равад, ба р осмон афтад,
Малоикро ғалат дар сабҳа аз ғавғои ёрабҳо.
Танамро з‐оташи дил ҳар дам афзояд табе дигар,
Худоро, эй аҷал , раҳме, ки ҷонам сўхт з‐ин табҳо!
Шудам бадбахт з‐ашки худ, нашуд, оре маро ҳаргиз,
Саодатмандие рўзӣ аз ин сайёра кавкабҳо.
Зи ҳафтоду ду миллат кард Ҷомӣ рў ба ишқи ту,
Бале, ошиқ надорад мазҳабе ҷуз тарки мазҳабҳо.