Our website uses necessary cookies to enable basic functions and optional cookies to help us to enhance your user experience. Learn more about our cookie policy by clicking "Learn More".
Accept All Only Necessary Cookies
Дуоҳои Қуръонӣ 圖標

53.89 by Китобхои Исломи


2018年10月02日

關於Дуоҳои Қуръонӣ

Duohoi Kuroni(西里爾VA Tochiki鐸duoi Tochiki庫龍庫龍)

https://vk.com/kitobhona

https://ok.ru/group/53630571643013

Мундаричаи Китоб:

Пешгуфтор

Чаро дуоҳоямонро бо Раббано ё Раббӣ оғоз кунем

Шароити дуо

Қуръон аз нигоҳи ҳазрати Алӣ(к)

Дуои ҳазрати Одам ва Ҳавво(а)

Дуоҳои ҳазрати Нуҳ(а)

Дуоҳои ҳазрати Иброҳим ва Исмоил(а)

Дуоҳои ҳазрати Лут(а)

Дуоҳои ҳазрати Сулаймон(а)

Дуоҳои ҳазрати Юсуф(а)

Дуои ҳазрати Шуайб(а)

Дуоҳои ҳазрати Мусо ва Ҳорун(а)

Дуоҳои ҳазрати Закариё(а)

Дуои ҳазрати Исо(а)

Дуоҳои ҳазрати Паёмбари Аъзам Муҳаммад(с)

Дуои ҳазрати Осия

Дуои модари Марям(а)

Дуои Малика Билқис

Дуоҳои фарзанд

Дуоҳои малоикаи муқарраб барои мӯъминон

Дуоҳои мӯъминони ростин

Дуои ҳоҷиён

Дуоҳои оқилон

Дуоҳои донишмандони баландпоя

Дуоҳои муҷоҳидон

Дуои мазлумон

Дуои Асҳоби Каҳф

Дуои ҳаворийюни ҳазрати Исо(а)

Дуои масеҳиёне, ки мусулмон шуданд

Дуои соҳирони мӯъмин

Дуои Асҳоби Аъроф

Дуои кофирон ҳангоми марг

Дар ситоиши Худо

Дуоҳои

Қуръонӣ

Пешгуфтор

Инсон бо вуҷуди инки мавҷуди заиф ва ҳамеша ба кӯмаки Худо муҳтоҷ аст гоҳе ин хосияти худро фаромӯш мекунад, вале ҳангоме ки дар зиндагӣ бо мушкилот рубарӯ мешавад ва ҳам худ ва ҳам дигаронро дар ҳалли он оҷиз ва нотавон меёбад нохудогоҳ ба сарчашмаи қудрату ҳикмати беинтиҳои Худованд дил мебандад ва аз даргоҳи беҳамтояш дархости кӯмак мекунад. Худованди мутаол дар Қуръони Карим роҳи иртиботи бандагон бо худашро аз роҳи дуо медонад. Аз ин рӯ дар Қуръони Карим мефармояд:

Ва ҳар гоҳ бандагони ман аз ту дар бораи ман пурсанд (бигӯ) ҳамоно ман наздикам. Дуои ниёишгарро онгоҳ ки маро мехонад посух медиҳам. Пас бояд даъвати маро бипазиранд ва ба ман имон оваранд, бошад, ки ба рушд расанд.1

Бояд таваҷҷӯҳ дошт, ки ин робитаи муҳаббатомез дар сурате аст, ки банда ба нотавонии худ эътироф намуда мухлисона Худоро бихонад. Албатта дуо кардан ба маънои тарки касбу кор нест, балки дуокунанда бояд дар канори таваккул ба Худованд ва дархост аз ӯ бояд талош ва кӯшиш кунад. Аз ин рӯ дар ҳадис омадааст, ки дуои шахси бекор қабул намешавад.

Дуо кардан ҳамон изҳори нотавонӣ ба пешгоҳи Худованд ва дархости ёрӣ ва кӯмак аз фазли бекарони ӯст, ки сарчашмаи ин масъала ҳамон вобастагӣ ва вуҷуди инсон ба Худованд мебошад. Аз ин рӯ ҳамчунон, ки дар олами ҳастӣ агар як лаҳза файзи Илоҳӣ қатъ гардад баробар бо нобудии инсон аст, ҳамчунин дар

олами шариат низ ғафлати инсон аз ёди Худованд ва дуо накардан ба даргоҳи ӯ сабаби бетаваҷҷӯҳии Худованд ба ӯ мешавад.

Бисёр вақт дар ин ки чӣ бихоҳем, чигуна бихоҳем ва аз кӣ ёд бигирем саргардон мешавем. Яке аз муҳимтарин ва муътабартарин манбаъ барои ҳалли ин мушкил Қуръони Карим аст. Дар ин китоби осмонӣ ва муъҷизаи ҷовидонии Паёмбари Аъзам(с) дуоҳои фаровоне аз фариштагон, паёмбарон ва авлиёи илоҳӣ вуҷуд дорад, ки метавонад сармашқ ва намунаи хубе барои чӣ хостан, чигуна хостан ва ғайра бошад

Мо ҳам барои ошноӣ бо дуоҳои Қуръонӣ ва истифода аз он дар дархостҳоямон аз Худо, дуоҳоеро, ки бо калимаи “Раббано” ё “Рабб” шурӯъ шуда буд интихоб кардем ва зери ҳар оя баъд аз тарҷумаи оя аз тарҷумаи манзуми Умеди Маҷд истифода намудем.

Барои дарки беҳтар ва фаҳмидани паёмҳо ва нуктаҳои оёт дар зери ҳар кадом аз дуоҳо аз нуктаҳо ва паёмҳои тафсири “Нур” навиштаи муаллими Қуръон устод Муҳсин Қироатӣ ба сурати интихобӣ истифода кардем.

Аз пешниҳодҳо ва назарҳои созандаи шумо истиқбол менамоем.

Дар охир аз ҳамаи касоне, ки моро дар ин амри хайр кӯмак намуданд самимона ташаккур мекунем ва аз Худованд қабулии онро мехоҳем.

Ба умеди инки Худованд ба мо тавфиқи дуои мустаҷоб диҳад.

Омин.

Чаро дуоҳоямонро бо ʺРаббаноʺ ё Раббӣ оғоз кунем?

Вақте дар оёти Қуръони Карим диққат кунем мебинем, ки анбиё, фариштагон ва авлиёи Илоҳӣ дуоҳои худро бо ибораи “Раббано” ё “Рабб” оғоз мекарданд. Аз ҷумлаи онҳо ҳазрати Одам(а) ва Ҳавво(а),1 ҳазрати Нӯҳ(а),2 ҳазрати Иброҳим (а),3 ҳазрати Юсуф(а),4 ҳазрати Мусо(а),5 ҳазрати Сулаймон(а),6 ҳазрати Исо(а),7 ҳазрати Муҳаммад(с),8 мӯъминони ростин9 ва ғайра мебошад.

翻譯中...

更多應用信息

最新版本

請求 Дуоҳои Қуръонӣ 更新 53.89

上傳者

موسى الملكي

系統要求

Android 4.1+

更多

最新版本53.89更新日誌

Last updated on 2018年10月02日

Minor bug fixes and improvements. Install or update to the newest version to check it out!

更多

Дуоҳои Қуръонӣ 螢幕截圖

評論載入中...
語言
訂閱APKPure
第一時間獲取熱門安卓遊戲應用的首發體驗,最新資訊和玩法教程。
不,謝謝
訂閱
訂閱成功!
您已訂閱APKPure。
訂閱APKPure
第一時間獲取熱門安卓遊戲應用的首發體驗,最新資訊和玩法教程。
不,謝謝
訂閱
成功!
您已訂閱我們的郵件通知。