Таърихи дин (синфи 9)

Таърихи дин (синфи 9)

  • 25.4 MB

    文件大小

  • Android 4.0+

    Android OS

關於Таърихи дин (синфи 9)

Tarihi達因(興富9)

Дин чун рукни фарҳанг то ба имрӯз дар ҷомеа таъсир

ва нақши муайяне дорад. Он дар тарбияи маънавию

ахлоқии ҷомеа ва шаклгирии ҷаҳонбинии шахс бевосита

ва ё бавосита таъсир мегузорад.

Дониши васеъ ва мукаммал дар бораи дин доираи

ҷаҳонбинии инсонро васеъ намуда, таҳаммулпазирии

ӯро қавй месозад ва дар омӯзиши таърихи фарҳанг кумак

мерасонад. Аз ин лиҳоз ва бо мақсади ташаккули шуури

солими динии ҷомеа таълими таърихи дин муҳим ва зарур

аст.

Дар китоби пешниҳодшуда ба қадри имкон дар бораи

тамоми динҳои бостонӣ ва муосир маълумоти лозимӣ

оварда шудааст. Сохтори китоб мутобиқи усули таснифи

динҳо аз рӯйи умумияти фарҳангиву тамаддунӣ тартиб

дода шудааст. Чунин усул барои таҳқиқот ва шинохти

илмии динҳои гуногун муфид аст. Мувофиқи ин тасниф,

аввал динҳои ибтидоӣ-табиӣ ва қадима, баъдан динҳои

муосир баррасӣ шудааст.Дар навбати худ динҳои муосир аз

рӯйи ҳавзаҳои тамаддунӣ ба се гурӯҳ: динҳои ҳиндуориёӣ,

динҳои чинӣ ва Ховари Дур инчунин динҳои сомӣ тақсим

шудаанд.

Дар қисмати охири китоб дар бораи дину мазҳабҳои

маъруфтарини ғайрисуннатӣ маълумот оварда шудааст.

Инчунин, дар ин китоб бо назардошти нуфузи дини ислом

ва динҳои қадимаи ориёӣ дар фарҳанги миллии мардуми

тоҷик ва умуман тамоми мардуми ориёитабор ва дигар

қавму миллатҳои маскуни минтақаи Осиёи Марказӣ

маълумоти муфассалтаре ба хонандагон пешкаш шудааст.

Фанни таърихи дин пайдоиш, таҳаввулу пешрафти

динҳои мухталиф ва шохаву равияҳои ақидатӣ, инчунин

маросимҳои онҳоро меомӯзад. Маълумоти муфассал дар

бораи пайдоиш, рушд ва вобастагии онҳо бо ҳодисаву

3

воқеаҳои таърихӣ, барои пайдо намудани тасаввуроти

равшан дар бораи динҳо хеле муҳим аст. Ҳамчунин

таърихи дин робитаи ғоявии таълимоти гуногуни ақидатӣ

ва ахлоқии халқҳоро меомӯзад. Ин таърих собит месозад,

ки фарҳангҳои қавму халқиятҳои гуногун умумиятҳои

зиёде дошта, аз ҳамдигар таъсир ва илҳом гирифтаанд.

Имрӯз низ ин умумиятҳо бояд дар ҷомеаи башарӣ барои

бунёди як фазои таҳаммулпарвар мавриди истифода қарор

гиранд.

更多

最新版本1.0的更新日誌

Last updated on 2018年09月06日
Minor bug fixes and improvements. Install or update to the newest version to check it out!
更多

視頻和屏幕截圖

  • Таърихи дин (синфи 9) 海報
  • Таърихи дин (синфи 9) 截圖 1
  • Таърихи дин (синфи 9) 截圖 2

Таърихи дин (синфи 9)歷史版本

APKPure 圖標

在APKPure極速安全下載應用程式

一鍵安裝安卓XAPK/APK文件!

下載 APKPure
thank icon
We use cookies and other technologies on this website to enhance your user experience.
By clicking any link on this page you are giving your consent to our Privacy Policy and Cookies Policy.
Learn More about Policies