Физикаи (синфи 7)
關於Физикаи (синфи 7)
Fizikal(興富7)
Физика (синфи 7)
Замину Осмон ва умуман ҳама мавҷудот - аз резтарин зарра
то сангу хасу долу дарахт, Офтобу ситораҳову фазои
фарогирандаи онҳо, аз хурдтарин ҷонзоди рӯйи Замин то
наҳанги дарёӣ - ҳамаи инҳо дар маҷмӯъ табиат (табиъат)-ро
ташкил медиҳанд. Худи одам низ як ҷузъи табиат аст.
Калимаҳои Коинот, Кайҳон, дунё, гетӣ, олам низ гоҳо ба
ҳамин маънӣ (ба маънои табиъат) корбаст мешаванд. Аммо дар
гуфтугузори ҳаррӯза табиат гуфта маъмулан қисми қобили
мушоҳидаи олам ё ҳагто муҳити атрофро мефаҳманд.
Дар табиат доимо тағйирот (рӯйдодҳо)-и гуногун рух
медиҳад: наботот нумӯ мекунад, гулҳои рангобаранг мерӯяд,
ҳайвонот инкишоф меёбад, як навъи модда ба навъи дигар
мубаддал мешавад, шамол ба вуҷуд меояд, барфу борон
меборад, гоҳо тирукамон пайдо мешавад, гоҳи сард гаштани
ҳаво об ях мебандад, гоҳи гарм шудани ҳаво барфҳову яхҳо об
мешаванд, об бухор шуда, дар табиат гардиш мехӯрад...
Инсон аз даврони қадим ба ин сӯ табиатро мушоҳида
мекунад ва дар ҷараёни ин мушоҳидаҳову омӯзишҳо дониш
меандӯзад. Ҳанӯз қадимиён медонистанд, ки ду чизи сойишхӯранда
гарм мешаванд ва дар натиҷаи сойиш баъзе навъҳои
чӯб оташ мегирад. Инро худи шумо низ санҷида метавонед.
最新版本1.0的更新日誌
Физикаи (синфи 7) APK信息
Физикаи (синфи 7)歷史版本
Физикаи (синфи 7) 1.0
在APKPure極速安全下載應用程式
一鍵安裝安卓XAPK/APK文件!