Our website uses necessary cookies to enable basic functions and optional cookies to help us to enhance your user experience. Learn more about our cookie policy by clicking "Learn More".
Accept All Only Necessary Cookies

關於ФИКХИ АКБАР

FIҚҲI阿克人Imomi阿扎姆AbӯҳanifaNu'mon伊本SobitKӯfӣ(p)的

https://vk.com/kitobhona

Бисмиллоҳир-Раҳмонир-Раҳим

Алҳамду лиллоҳи Раббил-оламин, вал-оқибату лил-муттақин, вас-салоту вас-салому ало расулиҳи Муҳаммадин ва олиҳи ва асҳобиҳи аҷмаъин ило явмид-дин.

Хонандагони азиз!

Бо арзи салому эҳтиром матни арабӣ ва тарҷумаи тоҷикии китоби “Фиқҳи акбар”-и Имоми Аъзам Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собити Кӯфӣ раҳматуллоҳи алайҳро, ки аз ҷумлаи муътабартарин китобҳои ақидаи аҳли суннат ва ҷамоат аст, пешкаши шумо месозем.

Имрӯз мардуми ҷомеаи мо ба ин китоб ниёзи бештар доранд. Чун аксари мардум аз мутолиаи китобҳои бо забони арабӣ навишташуда бебаҳраанд ва қисми зиёди онҳо матнҳои форсиро низ хонда наметавонанд, қарор додем, ин китоби муътабарро ба хатти кириллӣ баргардонем, то ки падару модарон ва бародарону хоҳарони азизи мо аз он баҳравар гардида, ақидаи худро саҳеҳ ва имони хешро холис бигардонанд.

Вақти ба чоп омода сохтани ин китоб, кӯшидем, онро бо услуби осон пешкаши хонандагон созем, то битавонанд аз он баҳрамандии бештар дошта бошанд. Аввалан, матни арабӣ ва пас аз он тарҷумаи онро овардем, то имкони қиёс намудани тарҷумаро бо матн дошта бошед. Сониян, мавзуъҳоро ҷудо сохтем, то ба осонӣ аз як мавзуъ ба мавзуъи дигар гузаред. Ҳамчунин ба ҷои баъзе аз калимаҳои душворфаҳм муродифи нисбатан содатари онро овардем, то дар вақти мутолиа душворӣ накашед.

Умедворем, Худованди Зулҷалол ин заҳмати ночизи моро низ бо фазлу карами худ бипазирад. Ҳамчунин умедворем, дуои хешро барои пешвоёни дин ва ҳамаи онҳое, ки холис барои рушди ин дини муборак саҳм гирифтаанду мегиранд, фаромӯш насозед.

Ва биллоҳит-тавфиқ.

بِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَٰنِ الرَّحِيمِ

Асоси тавҳид ва эътиқод

أَصْلُ التَّوْحِيدِ وَمَا يَصِحُّ الاعْتِقَادُ عَلَيْهِ يَجِبُ أَنْ يَقُولَ: آمَنْتُ بِاللهِ وَمَلاَئِكَتِهِ وَكُتُبِهِ وَرُسُلِهِ وَالبَعْثِ بَعْدَ المَوْتِ وَالْقَدَرِ خَيْرِهِ وَشَرِّهِ مِنَ اللهِ تَعَالَى وَالحِْسَابُ وَالمِْيزَانُ وَالْجَنَّةُ وَالنَّارُ حَقٌّ كُلُّهُ.

Асли тавҳид ва он чи ки бояд ба он эътиқод дошт, воҷиб аст, ки ҳар мусулмон бо яқин ва бовар бигӯяд: “Ба Худованд ва фариштагонаш, китобҳо ва паёмбаронаш, ба зинда шудани пас аз марг ва ба тақдири некӣ ва бадӣ, ки аз тарафи Худованди Мутаъол аст, имон овардам, ҳисобу мизон (тарозуи аъмол) ва биҳишту дӯзах, ҳамаи инҳо ҳақ ва ростанд.

Аллоҳ ягона ва дорои сифатҳои зотӣ ва феълӣ аст

وَاللهُ تَعَالَى وَاحِدٌ لاَ مِنْ طَرِيقِ الْعَدَدِ، وَلَكِنْ مِنْ طَرِيقِ أَنَّهُ لاَ شَرِيكَ لَهُ، " قُلْ هُوَ اللَّهُ أَحَدٌ (1) اللَّهُ الصَّمَدُ (2) لَمْ يَلِدْ وَلَمْ يُولَدْ (3) وَلَمْ يَكُنْ لَهُ كُفُوًا أَحَدٌ (4) ".

Худованди Мутаъол якто аст, на ба эътибори адад (шумурдан), балки аз ин ҷиҳат ки шарик ва монанд надорад. “Бигӯ, Ӯст Аллоҳи ягона, Худованди бениёз, ки на касеро зойида ва на аз касе зойида шуда ва ҳеч шабеҳ ва ҳамтое (монанде) Ӯро нест”. (“Ихлос”, 1-4).

لاَ يَشْبَهُ شَيْئًا مِنَ الأَشْيَاءِ مِنْ خَلْقِهِ، وَلاَ يُشْبِهُهُ شَيْءٌ مِنْ خَلْقِهِ، لَمْ يَزَلْ وَلاَ يَزَالُ بِأَسْمَائِهِ وَصِفَاتِهِ الذَّاتِيَةِ وَالْفِعْلِيَّةِ، أَمَّا الذَّاتِيَةُ فَالحَيَاةُ وَالْقُدْرَةُ وَالْعِلْمُ وَالْكَلاَمُ وَالسَّمْعُ وَالْبَصَرُ وَالإرَادَةُ، وَأَمَّا الْفِعْلْيَّةُ فَالتَّخْلِيقُ وَالتَّرْزِيقُ وَالإنْشَاءُ وَالإبْدَاعُ وَالصُّنْعُ وَغَيْرُ ذَلِكَ مِنْ صِفَاتِ الْفِعْلِ.

Ҳеч чизе аз махлуқот ба Ӯ шабоҳат надорад ва на Ӯ ба ҳеч чизе аз махлуқоташ шабеҳ аст. Ҳамеша буда ва абадан бо номҳо ва сифоти зотӣ ва феълиаш хоҳад буд. Сифоти зотӣ: монанди ҳаёт, қудрат, илм, калом, самъ, басар ва ирода. Сифоти феълӣ: монанди офаридан, рӯзӣ додан, иншо (пайдо кардан), ибдоъ, сунъ ва ғайра.

最新版本1.0更新日誌

Last updated on 2018年05月26日

Minor bug fixes and improvements. Install or update to the newest version to check it out!

翻譯中...

更多應用信息

最新版本

請求 ФИКХИ АКБАР 更新 1.0

上傳者

Erik Ortega

系統要求

Android 4.1+

更多

ФИКХИ АКБАР 螢幕截圖

評論載入中...
語言
訂閱APKPure
第一時間獲取熱門安卓遊戲應用的首發體驗,最新資訊和玩法教程。
不,謝謝
訂閱
訂閱成功!
您已訂閱APKPure。
訂閱APKPure
第一時間獲取熱門安卓遊戲應用的首發體驗,最新資訊和玩法教程。
不,謝謝
訂閱
成功!
您已訂閱我們的郵件通知。