Маърифати оиладори (синфи 10)
Giới thiệu về Маърифати оиладори (синфи 10)
Marifati oiladori (Xingfu 10)
Хонандаи азиз! Китоби «Маърифати оиладорӣ» аз Паёми Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20.01.2015 сарчаилма гирифта, бамуносибати
Соли оила эълон гардидани соли 2015 дар кишвар ба нақшаи таълимии
муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҳамчун китоби таълимӣ ворид карда шудааст.
Таълимимаърифати оиладорӣ хонандагонро ба мафҳуми оила, мавқеъ
ва вазифаҳои он дар ҷамъият, никоҳ, ташкили оила, танзимимуносибатҳои
оилавӣ ва дигар хусусиятҳои хоси ҳаёти оилавӣ шинос намуда, барои омода
гардидани ҷавонон ба ҳаёти мустақили оиладорӣ мусоидат менамояд.
Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик
ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро
беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату
садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву
таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд.
Дар татбиқи талаботи сиёсати иҷтимоию
фарҳангии давлати Тоҷикистон се омили асосӣ -
ҷомеа, мактаб ва оила бояд дар ҳамбастагии зич
фаъол бошанд, то ки насли наврасу ҷавони кишвар
дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносии миллӣ ва
таҳаммулу мадоро тарбият ёбанд.
Президенти Ҷумхурии Точикистон
Эмомалӣ Рахмон
Хонандагони азиз! Шояд шумо дар бораи маърифати
оиладорӣ ҳанӯз маълумоти заруриро надоред.
Бояд донед, ки яке аз масъалаҳои мубрами ҷомеа бунёди
оилаи солим ба шумор меравад ва пойдории оила
ба тарзи ҳаёт ва инкишофи муътадили инсон мусоидат
менамояд.
Мақсади фанни маърифати оиладорӣ ба масъалаҳои
муҳимми зиндагӣ, никоҳу оиладорӣ шинос
намудани хонандагон, ташаккул додани низоми оиладорӣ
дар шуури наврасону ҷавонон нигаронида
шудааст. Ғояи асосии китоби дарсии мазкурро масъалаҳои
муҳимми ҳаёти оилавӣ, ба роҳ мондани омодагии
психологии ҷавонон ба бунёд ва пойдории оила,
муҳайё намудани фазои солиму ором дар оила, пойдор
нигоҳ доштани оилаҳо ва нигохдории арзишҳои оилавӣ
ташкил медиҳад. Зарурати таълими фанни мазкур
тайёр намудани ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ, ҳосил
намудани малакаи муносибатҳои дурусти дохилиоилавӣ,
дар оянда дуруст тарбия намудани кӯдакон ва
нигоҳ доштани анъанаҳои неки миллии халқи тоҷик
мебошад.
Интихоби дурусти ҳамсар ва бунёди оилаи солим
омили муҳимми ободии ҷамъият ва устувории давлат
маҳсуб меёбад. Муҳим аст, ки пеш аз барпо намудани
оила ҳар шаҳрванд паҳлуҳои гуногунҷабҳаи ҳаёти
оилавиро мавриди омӯзиш қарор дода, урфу одатҳои
миллӣ, ҳурмату эҳтироми тарафҳо, муносибати хуби
занушавҳарӣ ва маънои зиндагиро хуб дарк карда тавонад.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2015 «Соли
оила» эълон карда шудааст. Ҳадафи асосии чунин иқдоми
неки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба он ра4
вона гардидааст, ки маърифати оиладории ҷавонон
баланд бардошта шавад ва дар ин замина ҷавононро
пеш аз издивоҷ ба ҳаёти оилавӣ, муносибатҳои оиладорӣ
омода намуда, пеши роҳи вайроншавии оилаҳои
ҷавон гирифта шавад ва фарзандони ноболиғи ин оилаҳо
дар шоҳроҳи зиндагӣ аз падар ё модар маҳрум
нагарданд. Зеро оилаи солиму хушбахт ва маърифати
хонаводагии падару модар дар оила асоси тарбияи
фарзанд ба ҳисоб рафта, ҷомеаи солим низ ба насли
бомаърифат, донишманд, ватанпараст, забондон ва
дорои ахлоқи ҳамида ниёз дорад.
Омодагии ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ аз маҷмӯи
донишҳои муайяни педагогию психологӣ, ҳуқуқиву
иқтисодӣ маншаъ гирифта, дар асоси дониш, ақида,
ҷаҳонбинӣ ва арзишҳои маънавӣ ташаккул меёбад.
Омода намудани чавонон ба ҳаёти оилавӣ вазифаи
муҳимми оила ва мактаб мебошад. Омӯзиш ва таҳлили
сабабҳои вайроншавии оилаҳои ҷавон аз он шаҳодат
медиҳад, ки бештари онҳо натиҷаи омода набудани
ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ мебошад.
What's new in the latest 1.0
Thông tin APK Маърифати оиладори (синфи 10)
Phiên bản cũ của Маърифати оиладори (синфи 10)
Маърифати оиладори (синфи 10) 1.0
Tải xuống siêu nhanh và an toàn thông qua Ứng dụng APKPure
Một cú nhấp chuột để cài đặt các tệp XAPK/APK trên Android!