在APKPure安全快速地下载APK
APKPure 使用签名验证功能,确保为您提供无病毒的 ГУЛЧИНИ ҒАЗАЛ.Салмони Соваҷӣ APK 下载。
GULCHINIҒAZAL.SalmoniSovaҷӣ
Эй чини сари зулфат маъвои дили Салмон,
Маъвои ҳама дилҳо чун ҷойи дили Салмон.
Гар ишқи ту бо Салмон ин шева кунад охир,
Эй вой дили Салмон, эй вой дили Салмон.
Аз рўю лабат моро ҳам гулшакаре фармо,
Зеро ки зи ҳад бугзашт савдои дили Салмон.
Ҷону хираду динам бирбуд лаби лаълат,
Он рўз, ки мекардӣ яғмои дили Салмон.
Зулфат ба сарандозӣ дарбохт басе сарҳо,
Ё раб, ба сар андозаш дар пойи дили Салмон.
Бар ҳар тарафат халқе саргашта чу Салмонанд,
Лекин ту наегирӣ ҷуз пойи дили Салмон.