在APKPure安全快速地下载APK
APKPure 使用签名验证功能,确保为您提供无病毒的 ГУЛЧИНИ ҒАЗАЛ.Фахридини Ироқӣ APK 下载。
GULCHINIҒAZAL.FahridiniIroқӣ
Моҳрўё рух зи ман пинҳон макун,
Чашм аз ҳиҷрони худ гирён макун.
З‐орзуи рўйи худ зорам мадор,
В‐аз фироқи худ маро беҷон макун.
Аз мани мискин мабур якборагӣ,
Ман надорам тоқати ҳиҷрон, макун,
Бекасеро бедилу беҷон мадор,
Муфлисеро бе сару сомон макун.
Гар гуноҳе кардаам аз ман бидон,
Хештанро гў, маро нодон макун.
Ҳарчи он кас дар ҷаҳон бо кас накард,
Бо мани бечора ҳар дам он макун.
Бо Ироқии ғариби хастадил,
Ҳар чи аз ҷавру ҷафо битвон макун.