来 Google Play 网购吧!购买内容之后,立刻就可以在您的 Android 手机或平板电脑上享用,摆脱一切同步烦恼。
Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) – имоми босафо ва сироҷи умматони Мустафо, шахсияти барҷаста дар таърихи фиқҳи исломӣ, яке аз пешвоёни суннат ва поягузори мазҳаби ҳанафӣ мебошанд. Панду насиҳатҳои Имоми Аъзам ба он дараҷае пурборанд, ки қадру манзалати худро то ҳол гум накардаанд. Имоми Аъзам аз фарзандони барӯманди форсу тоҷик аст, ки дини ислом аз онҳо зебу фар ёфтааст. Бо мақсади хотиррасон кардан аз хизматҳои ин муҷтаҳиди бузург соли 2009 дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли бузургдошти Имоми Аъзам эълон гардида буд. Умедворем, ки версияи телефонии Осори Ҳазрати Имоми Аъзам барои тарбияи динии Шумо такони ҷиддӣ ва нафъборе бахшад.