来 Google Play 网购吧!购买内容之后,立刻就可以在您的 Android 手机或平板电脑上享用,摆脱一切同步烦恼。
Бе надонистани таърихи худ ояндаро бунёд кардан ғайриимкон аст. Таърихи инсоният гувоҳ аст, ки халқи тоҷик аз замони қадим чун мардуми созандаву бунёдкор маъруф аст ва ин анъанаи неку бостонии хешро идома дода истодааст. Китоби «Тоҷикон»-и мутафаккири барҷаста, Қаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров намунаи бебаҳотарин ва безаволи таърихӣ буда, даҳсолаҳост, ки арзиши худро гум накардааст ва умри он ҷовидонӣ хоҳад буд. Дар он таърихи на танҳо халқи тоҷик, балки тамоми инсоният дарҷ гардидааст. Китоби «Тоҷикон» аз муқаддима ва 6 фасл иборат буда, аз Сохти ҷамъияти ибтидоӣ то ба Россия ҳамроҳшавии тоҷикон ба таври возеҳ, бо санаву рӯйдодҳои муҳими таърихӣ дар он ҷой дода шудаанд. Меҳнати якумраи Бобоҷон Ғафуров дар ин китоб инъикос гардидааст. Китоби «Тоҷикон», воқеан, ифшогари аслу вуҷуди миллати тоҷик аст. Бо мақсади эҳё намудани анъанаҳои халқи тоҷик ва бедор кардани ҳисси ватандӯстӣ тасмим гирифтем, то ин арзиши таърихиро дар Android ҷой диҳем, то мардуми тоҷик таърихи хешро фаромӯш насозанд.