このШоҳнома. Ҷилди 1. Қисми 1.について
Shoҳnoma。 Ҷildi1.Қismi1。
Ба номи худованди ҷону хирад,
К-аз ин бартар андеша барнагзарад:
Худованди ному худованди ҷой,
3 Худованди рўзидиҳу раҳнамой.
Худованди Кайҳону гардонсипеҳр,
Фурўзандаи Моҳу Ноҳиду Меҳр.
Зи ному нишону гумон бартар аст,
Нигорандаи баршуда гавҳар аст.
Ба бинандагон офаринандаро Набинӣ,
маранҷон ду бинандаро!
Наёбад бад-ў низ андеша роҳ,
Ки ў бартар аз ному аз ҷойгоҳ.
Сухан ҳар чи з-ин гавҳарон бигзарад,
Наёбад бад-ў рох ҷону хирад.
Хирад гар сухан баргузинад ҳаме,
Ҳамонро гузинад, ки бинад ҳаме.
Ситудан надонад кас ўро чу ҳаст,
Миён бандагиро бибояд-т баст.
Хирадрову ҷонро ҳамесанҷад ў,
Дар андешаи сахта кай гунҷад ў?
Бад-ин олату рою ҷону равон
Ситуд офаринандаро кай тавон?
Ба ҳастиш бояд, ки хисту шавӣ,
Зи гуфтори бекор яксў шавӣ.
Парастанда бошиву ҷўяндароҳ,
Ба фармонњо жарф кардан нигоҳ.
Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад,
Ба дониш дили пир барно бувад.
Аз ин парда бартар сухан гоҳ нест,
Ба ҳастиш андешаро роҳ нест.
最新バージョン 1.0 の更新情報
Шоҳнома. Ҷилди 1. Қисми 1. APK 情報
Шоҳнома. Ҷилди 1. Қисми 1.の旧バージョン
Шоҳнома. Ҷилди 1. Қисми 1. 1.0
過去24時間で人気のアプリ





