Our website uses necessary cookies to enable basic functions and optional cookies to help us to enhance your user experience. Learn more about our cookie policy by clicking "Learn More".
Accept All Only Necessary Cookies
Маргу Зиндаги 아이콘

345.0223 by Китобхои Исломи


May 19, 2018

Маргу Зиндаги 정보

Whaler Marg Zindagi va bo zaboni Tochiki

https://vk.com/kitobhona

https://ok.ru/group/53630571643013

Маргу зинадагӣ

Дар сафаҳоти пешин Сайд Қутб талош дошт хоҳарашро, ки аз ҳукми эъдоми ӯ ларза ба ҷонаш афтода буд, оромиш диҳад ва барояш тасвири зебо аз ҳақиқати маргу зиндагӣ таврсим кунад ва дар ниҳоят эълон дошт, ки аз марг ҳеҷ ҳаросу воҳимае надорад, балки бо оғӯши боз ба пешвозаш мешитобад.

Шоистааст, ин дидгоҳи идеал аз маргу зиндагиро дар навиштаҳои дигари Сайд Қутб ҷустуҷӯ кунем, то дарёбем, ки ҳақиқати ин ҳикоят чист.

Ҳикояти кобуси марг ва воҳима ва дилҳараҳое, ки дар қалбҳо ҷо дода... ва қиссаи ширини зиндагӣ, ки ҳарчанд талх намудор шавад, боз ҳам дӯст доштанист ва дар пастарин мароҳили маротиб –ҳадди ақал- аз марг, ширинтар ҷилва мекунад. Ин чӣ лаззатест, ки "сакароти мавт" ва сахтии он ва дил буридан аз дунёи зеборо дар баробари дидагони Сайд, ҳеҷу пуч қалам мезанад ва ӯро вомедорад, ки ҳамеша бадон сӯйи ин пул чашм дузад.

Барои дарки ин қазия, ибтидо шоҳкори илмии шаҳид Сайд Қутбро, ки ҳамон тафсири волойи "Фи зилолил-Қуръон"и ӯст, варақ мезанем ва сипас ба китобаш, "маъолим фиттариқ, назар меафканем –китобе, ки сабаб шуд Сайд ба шарафи шаҳодат ноил шавад- дар ниҳоят гушҳоямонро бо танини зебои найи Сайд навозиш медиҳем, то бароямон аз пушти деворҳои зиндон таронаи "бародарам"ро бисарояд, таронае, ки илҳомвор бар қалбҳои зиндаи асирони мӯмин, чунон нақш баста, ки дар пушти деворҳои сарди зиндонҳои хомӯш, ҳамчун суфиён ва дарвешони хонақоҳо даври ҳам ҳалқа мезананд ва бо вирдҳо ин нағмаҳои зебо асарҳои кабуди хуни ситамро аз дилҳояшон мезидоянд.

Пас аз он, ки сураи Оли Имрон аз хабосати миллатҳои ҷавру зулм парда бардошт ва макру ҳилаашонро бармало сохт ва Расули ҳақро дилдорӣ дод, ки ин бӯмҳои ситам ва ҷоҳиду минкирони ҳидоят, зоидаи замонаат набуда, балки ҳамеша рӯзгори гургоне буданд, ки садди роҳи корвони ҳидоят мешуданд ва чӣ басо, ки раҳбарони роҳ ва Паёмбарони ҳақро низ дариданд.

Дар ин сиёқи ҳассос ва дар ин лаҳзаҳои навини умед, Худованди мутаъол ишораи бисёр сареҳу равшане мекунад ба ҳақиқати зинда ва пӯшида, гӣё ноқуси хатар ба ногоҳ ба садо мадарояд, ки: "эй бандаи ғофил " كُلُّ نَفْسٍ ذَائِقَةُ الْمَوْتِ "[12] ҳар инсоне мебоист аз зери пули марг бигзарад, ҳама бояд таъми маргро чӣ ширин ва чӣ талх бичашад.

Қалами устод шаҳид Сайд Қутбӣ дар зери сояи ин ояти пурнур чунин менигорад: "Ин во­қеъият инкорнопазир мебоист дар қалбҳо русух кунад, ки зиндагиро дар саҳнаи ин замини хокӣ, поёнест ва дар нуқтаи поён, марг дар камин аст. Покон дар мегузаранд ва зиштон мемиранд. Муҷоҳидон ҷоми шаҳодат менушанд ва онҳое, ки дар хонаи саъодат ором нишастанд, мемиранд.

Ононе, ки парчами ақида ва андешон дар баландии ҳиммату иззаташон қарор гирифта, таъми ширини маргро мебоист бичашанд ва ононе, ки дар зери пойи бардагон дар хок афтодаанд, низ хоҳанд мурд. Паҳлабавони шуҷоъе, ки аз зиллату хорӣ ибо меварзад, мемиранд ва тарсончакҳое, ки ба домани палиди зиндагӣ часпидаанд ва ҳозиранд ҳар луқма онро ба ҳар қимате, ки бошад бихаранд низ ҷон медиҳанд.

Ҳамаи ин мемиранд "كُلُّ نَفْسٍ ذَائِقَةُ الْمَوْتِ", ҳар инсон бояд ин ҷоми талхро сар кашад ва аз ин зиндагӣ рахт бандад. Ҳамаи инсонҳо дар саркашидани ин ҷоми талх бо ҳам ҳамсафаранд ва ҳеҷ роҳи фирор ва гурезе аз он нест, аммо фарқ дар чизи дигар аст, дараҷаи гӯёйи тафовут да қимат ва баҳори дигар аст, оре дар оқибат ва сарнавишт..."[13]

Аз лобалойи ин тафсири нуронӣ, Сайд Қутб маргро қуллаи парвозе медонад, ки ҳама бояд аз баландойи он худро раҳо созанд, ононе кидар зиндагӣ ба уруҷи руҳ ва баландойи ҳиммат ва мардонагӣ бо ду боли "имон ва тақво" бар қуллаҳои сарбафалаккашидаи инсоният ва даъват ба ислоҳталабӣ ва созандагӣ бар парвоз дармеомаданд, аз он қуллаи ҳақиқати талх ба сӯйи биҳиштҳои баланд ба парвоз дархоҳанд омад, аммо он бечорагоне, ки дар ботлоқи ризқу барқи дунёи фонӣ ғарқ буданд, аз он ҷо ба дараҳои ҳавлноки оташи ҷаҳаннам андохта мешаванд.

최신 버전 345.0223의 새로운 기능

Last updated on May 19, 2018

Minor bug fixes and improvements. Install or update to the newest version to check it out!

번역 로드 중...

추가 앱 정보

최신 버전

Маргу Зиндаги 업데이트 요청 345.0223

업로드한 사람

Ishaan Harangi

필요한 Android 버전

Android 4.1+

더 보기

Маргу Зиндаги 스크린 샷

댓글 로드 중 ...
언어
APKPure를 구독하십시오
최고의 Android 게임 및 앱의 초기 릴리스, 뉴스 및 가이드에 액세스하는 첫 번째 사람이 되십시오.
고맙지 만 사양 할게
가입하기
성공적으로 구독!
당신은 이제 APKPure에 가입되었습니다.
APKPure를 구독하십시오
최고의 Android 게임 및 앱의 초기 릴리스, 뉴스 및 가이드에 액세스하는 첫 번째 사람이 되십시오.
고맙지 만 사양 할게
가입하기
성공!
당신은 이제 우리의 뉴스 레터를 구독하고 있습니다.