Технология иттилооти (синфи 9)

Технология иттилооти (синфи 9)

  • 25.0 MB

    파일 크기

  • Android 4.0+

    Android OS

Технология иттилооти (синфи 9) 정보

ittilooti Technology (Xingfu 9)

Толибилмони гиромй!

Фанни «Технологияи иттилоотӣ» фаслҳои хеле зиёд ва

гуногунмазмунро дар бар мегирад, ки ин табиист. Зеро олами

компютерҳо ва системахои компютерй доимо дар рушд буда, баъзан

ҳатто дар камтарин фосилаи вақт низ дар бораи дастоварди навбатӣ дар

самти барномарезӣ ё ихтирои ягон ҷузъи нави техникаи компютерй ба

мо мужда мерасонад.

Дар барномаи нави таълими фан мавзӯъҳо бо низоми муайян ва

пайдарпайии мантиқй ҷой дода шудаанд, ки шумо, толибилмони азиз,

онҳоро омӯхта аз нозукиҳои олами компютер бохабар хоҳед шуд. Инак,

китоби мазкур, ки барои хонандагони синфи 9-уми мактабҳои

таҳсилоти умумй пешкаш шудааст, тибқи ҳамин барномаи нави

таълимй таълиф гардидааст.

Агар ихтирои компютерро инқилобе дар рушди техникаи

ҳисоббарор ҳисобем, пас пайдойиши шабакаҳои компютериро бе

муҳобот инқилоб дар пешбурди технологияи иттилоотӣ

(информатсионй) ҳисобидан мумкин аст. Шабакаҳои компютерй

татбиқи компютерро дар ғункунй, нигаҳцорй, коркард, дастрасй ва

паҳнкунии иттилоот ба маротибаҳо зиёд менамоянд.

Қисми зиёди китобе, ки ҳоло шумо дар даст доред, маҳз ба тасвири

имкониятҳои шабакаҳои компютерй бахшида шудааст. Тавассути он

шумо метавонед ҳам аз нигоҳи сахтафзор (таъминоти техникӣ), ҳам

нармафзор (таъминоти барномавй) ва ҳам тарзҳои банақшагирии ин

гуна шабакаҳо дониши худро мукаммал гардонед.

Китоб дорои ду бахш ва чор боб аст. Бахши аввал «Воситаҳои

иттилоотонй» ном дошта, аз ду боб иборат аст. Боби якум ба таснифи

компютерҳо бахшида шуда, боби дувум шуморо бо асосҳои кор дар

шабакаҳои компютерй шинос менамояд. Бахши дуюми китоб, ки он низ

аз ду боб иборат аст, «Технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ» ном

дошта, шуморо бо тарзҳои банақшагирй ва мураттабсозии сомонаҳои

интернетӣ шинос менамояд.

Устодони гаронқадр!

Муаллифон ба ҳамаи он нафароне, ки фикру дархостҳои холисонаи

худро баҳри боз ҳам беҳтар гаштани мазмуну муҳтавои китоб ва ислоҳи

норасоиҳои дар он содиргашта иброз доштанианд, қаблан миннатдорй

баён менамоянд ва онҳоро дар нашрҳои минбаъдаи китоб ҳатман ба

эътибор мегиранд. Аз ҳамаи муқарризон хоҳиш карда мешавад, ки

мулоҳизаҳои хешро ба Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои

дарсй, илмиву методии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон

ирсол намоянд.

더 보기

What's new in the latest 1.0

Last updated on Aug 23, 2018
Minor bug fixes and improvements. Install or update to the newest version to check it out!
더 보기

비디오 및 스크린 샷

  • Технология иттилооти (синфи 9) 포스터
  • Технология иттилооти (синфи 9) 스크린샷 1
  • Технология иттилооти (синфи 9) 스크린샷 2

Технология иттилооти (синфи 9)의 오래된 버전

APKPure 아이콘

APKPure 앱을통한매우빠르고안전한다운로드

한번의클릭으로 Android에 XAPK/APK 파일을설치할수있습니다!

다운로드 APKPure
thank icon
사용자 환경을 개선하기 위해 이 웹 사이트의 쿠키 및 기타 기술을 사용합니다.
이 페이지의 링크를 클릭하면 당사의 개인 정보 보호 정책쿠키 정책에 동의하는 것입니다.
더 알아보기