Хукуки инсон (синфи 10)

Хукуки инсон (синфи 10)

  • 31.6 MB

    파일 크기

  • Android 4.0+

    Android OS

Хукуки инсон (синфи 10) 정보

Хукуки инсон (синфи 10)

Хонандагони азиз!

Шумо дар синфҳои 8 ва 9 асосҳои давлат ва ҳуқуқро омӯхта, дар бораи

сохти давлатии мамлакати мо, ӯхдадориҳо ва масъулияти ҳар як инсон ва

шаҳрванд дар назди давлат ва ҷомеа чизҳои бисёреро аз худ намудед.

Дар ин соли таҳсил шумо, чун дигар хонандагони синфҳои болоии

мактабҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон, фанни нав—“Ҳуқуқи инсон”-

ро меомӯзед.

“Ҳуқуқи инсон”... Шумо бо ин калимаҳо шояд бори аввал дучор

намеоед. Онҳо дар барномаҳои телевизион ва радио садо медиҳанд, дар

саҳифаҳои матбуоти даврӣ зуд-зуд ба чашм мерасанд. Конститутсияи

(Сарқонуни) мамлакати моро кушоед. Дар оғози он шумо мехонед, ки

“Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд”

(моддаи 5) ва андаке баъдтар боби алоҳидаро дар бораи ҳуқуқ, озодӣ ва

вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд мехонед. Ба масъалаҳои риоя ва

ҳимояи ҳуқуқҳои инсон бисёр созишномаҳои байналмилалӣ бахшида

шудаанд. Воқеан, “ҳуқуқи инсон” чист? Ва чаро дар айни замон, сарфи

назар аз фарқиятҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва динӣ дар байни халқҳои

мамлакатҳои гуногун ҳуқуқи инсон дар тамоми ҷаҳон чун яке аз

муҳимтарин сангҳои маҳаки тамаддуни инсонӣ дониста мешавад?

Умедворем, ки китоби дарсии мо барои пайдо кардани ҷавоб ба ин савол

ба Шумо кӯмак мерасонад.

Ҳарчанд қисми зиёди китоби дарсӣ ба масъалаҳои ҳуқуқшиносӣ

бахшида шудааст, тасдиқ кардан хатост, ки ҳуқуқи инсон танҳо ба

масъалаҳои қонунгузорӣ ва истифодаи он дахл мекунад. Мафҳуми ҳуқуқи

инсон саршор аз ақидаҳои амиқи фалсафию ахлоқист. Асоси онро

арзишҳои ахлоқие ташкил медиҳанд, ки аз ҳамаи динҳои ҷаҳонӣ,

ривоятҳои қадимии халқҳои гуногун, ғояҳои мутафаккирони гузашта, аз

ҷумла гоҷику форс сарчашма мегиранд.

Аммо дар дунё муносибат ба ҳуқуқҳои инсон якранг нест ва ин зуҳурот

пеш аз ҳама ба он сабаб арзи вуҷуд кардааст, ки ба ҷуз аз арзишҳои умумии

ахлоқӣ дар ҳар ҷомеа арзишҳои алоҳидаи танҳо ба вай хоси дар раванди

инкишофи пешинааш ташаккулёфта мавҷуданд. Ба ин тариқ, дар паси

ҳар кадоме аз фарқиятҳо дар муносибат ба ҳуқуқҳои инсон ҳамеша

фарқиятҳо дар муқаррароти арзишӣ меистанд ва дарку фаҳмиши моҳият

ва сабабҳои онҳо барои ҳар касе, ки ғамхорӣ ба Ватан - Тоҷикистонро

қарзи худ меҳисобад, басо муҳим аст. Умедворем, ки китоби дарсии мо ба

шумо дар муносибат ба ин масъалаҳо хирадмаидӣ ва эҳсоси масъулият

меомӯзонад.

Эҳсоси масъулиятшиносӣ боз аз он ҷиҳат басо муҳим аст, ки ҳуқуқҳои

инсон ҳамеша маҳдуданд. Махдудиятҳои махсус, масалан, дар ҳолатҳои

офатҳои табиӣ, фалокатҳои техногенӣ ва ё эпидемияҳОи калон ҷорӣ карда

мешаванд. Ҳатто дар ин ҳолатҳо ҳам дараҷаи чунин маҳдудиятҳо аз

доираи муқарраркардаи қонуни махсус берун буда наметавонад ва

ҳуқуқҳои нисбатан муҳим набояд махдуд гарданд. Дар ҳолати муқаррарӣ

ҳам фаромӯш кардан лозим нест, ки ҳуқуқҳои инсон аз ӯҳдадориҳо дар

назди ҷомеа ва давлат ҳаргиз ҷудо нестанд ва барои мо дар байни ин

ӯхдадориҳо аз ҳама асосиаш вайрон накардани ҳуқуқҳои дигарон аст.

Тасаввурот дар бораи ҳуқуқҳои инсон ягон чизи тагйирнопазир нест,

онҳо якҷоя бо пешрафти инсоният ташаккул ёфта буданд ва имрӯзу фардо

низ инкишоф меёбанд. Шумо аз китоби дарсй батафсил мефаҳмед, ки он

чӣ гуна ба амал омадааст ва баъд ба хулосаи муҳиме меоед, ки ҳамаи

ҳуқуқҳои инсон тақсимнашаванда, вобастаи ҳамдигар ва ба якдигар

алоқамандаид.

Амалишавии ҳуқуқҳои инсон ба ташаккули шахсият вобастааст.

«Ҷавонон ба ҳаёти мустақилона қадам ниҳода, ҷои худро дар ҷомеа

муқаррар кардан мехоҳанд. Дар пеши онҳо интихоби касб, ба вуҷуд

овардани оила, пайвастан ба ҷунбиши муайяни сиёсӣ ва ниҳоят, дарёфтани

мавқеи устувори шаҳрвандӣ барин масъалаҳо пайдо мешаванд. Ҳамаи

ин омилҳое ҳастанд, ки шахсиятро ташаккул медиҳанд», - таъкид

кардааст Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалй Раҳмон дар мулоқот

бо ҷавонони мамлакат.

Фаромӯш накунед; ояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешрафту инкишофи

минбаъдаи он чун давлати пуриқтидори демократӣ, ки риоя ва ҳимояи

ҳуқуқҳои инсонро барои ҳама кафолат медиҳад, аз мавқеи фаъолонаи

шаҳрвандию ҳаётии шумо вобастааст.

더 보기

What's new in the latest 1.0

Last updated on Aug 8, 2018
Minor bug fixes and improvements. Install or update to the newest version to check it out!
더 보기

비디오 및 스크린 샷

  • Хукуки инсон (синфи 10) 포스터
  • Хукуки инсон (синфи 10) 스크린샷 1
  • Хукуки инсон (синфи 10) 스크린샷 2

Хукуки инсон (синфи 10)의 오래된 버전

APKPure 아이콘

APKPure 앱을통한매우빠르고안전한다운로드

한번의클릭으로 Android에 XAPK/APK 파일을설치할수있습니다!

다운로드 APKPure
thank icon
사용자 환경을 개선하기 위해 이 웹 사이트의 쿠키 및 기타 기술을 사용합니다.
이 페이지의 링크를 클릭하면 당사의 개인 정보 보호 정책쿠키 정책에 동의하는 것입니다.
더 알아보기