APKPure에서 안전하고 빠른 APK 다운로드
APKPure는 바이러스 없는 Ҳофизи Шерозӣ. Ғазалиёт APK 다운로드를 위해 서명 확인을 사용합니다.
Ҳofizi Sherozӣ. Ғazaliot
Агар он тоири қудсӣ зи дарам бозояд,
Умри бигзашта ба пиронасарам бозояд.
Дорам уммед бар ин ашки чу борон,
ки дигар Барқи давлат, ки бирафт аз назарам, бозояд.
Он, ки тоҷи сари ман хоки кафи пояш буд,
Аз Худо металабам, то ба сарам бозояд.
Хоҳам андар ақибаш рафт ба ёрони азиз,
Шахсам ар боз наёяд, хабарам бозояд.
Гар нисори қадами ёри гиромӣ накунам,
Гавҳари ҷон ба чӣ кори дигарам бозояд?
Кӯси навдавлатӣ аз боми саодат бизанам,
Гар бибинам, ки маҳи навсафарам бозояд.
Монеаш ғулғули чанг асту шакархоби сабӯҳ,
Варна гар бишнавад оҳи саҳарам, бозояд.
Орзуманди рухи шоҳи чу моҳам,
Ҳофиз, Ҳиммате, то ба саломат зи дарам бозояд.