1025 САВОЛУ ЧАВОБ ДАР БОРАИ АХКОМИ ХАЧ ВА УМРА
Барои ба ҷо овардани яке аз фарзҳои Худовандӣ китобҳои зиёде мавҷуданд. Азбаски барои дуруст фаҳмидану дарк кардани масъалаҳои зикршуда бисёр одамон, ҳоҷиён азоб мекашанд ва баъзе масъалаҳоро нодуруст мефаҳманд. Ман бо кӯмаку ёрии Худованди мутаол кӯшиш ба харҷ додам, ки як китобе бо усули бисёр сода ва омафаҳм ба тариқи Саволу Ҷавоб таълиф ва ҷамъоварӣ намоям, то ки ҳоҷиёни муҳтарам барои баҷо овардани маносик ва аркони ҳаҷ азоб накашанд ва ба душворӣ гирифтор нашаванд.