1000 панд | хазор панду насихат \ Панду андарз
Oписание 1000 панд | хазор панду насихат \ Панду андарз
Китоби Ҳазор Панду Насиҳат бо забони точики
Панду хикмат
Панду хикматхо
Панду ҳикмат
Панду ҳикматҳо
ХУШГУФТОР
Ҳоҷӣ Алимурод Сафарзода Агрономи
хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, махсусан, ба боғпарварӣ шавқу рағбати беандоза
дорад. Дар гӯшаву канорҳбй кишвари азизамон
маҳз бо ташаббусу сарварии ин хирадмарди
меҳнатдӯсту фарҳангпарвар боғҳои зиёде бунёд
ёфтааст. Ба ҳар куҷое, ки сафар накунад, бад-он
мекӯшад, ки аз худ боғе ва ё акаллан дарахте боқӣ
гузорад. Ҳисоби дарахтҳои шинонидаи Ҳоҷӣ
Алимуродро агар Худо надонад, касе ба шумори он расида наметавонад. Мақоли халқии “Аз нек -
боғ” - ро шиори фаъолияти худ карда, дар
сарсабзии кишвари афсонамонандамон саҳмҳо!
гузоштааст.
Ҳамчунин, Ҳоҷӣ Алимурод Сафарзода хеле ҳам,
марди некдилу хушмуомила ва зарифу хушгуфтор
буда, ашъори зиёде азёд медонад ва ба навиштани
насри мусаҷҷаъ рағбат ва шавқу ҳаваси хеле ҳам
зиёд дорад. Мо аз дафтарҳои бешумори Ҳоҷӣ
Алимурод, ки ҳама аз насри мусаҷҷаъ иборат
буданд, 1000 пандашро гулнин карда, баъди
таҳрири ҷиддй пешкаши шумо - хонандагони
нозуктабъу фарҳангпарвар гардонидем.
ХАЙРАНДЕШ,
шоир, узви Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон
ҲАЗОР ПАНД
1. Аз ранҷи дигарон ҳаргиз нон махӯр, шавӣ худ бериооҷ, рӯят шавад бенур.
2. Кори имрӯзаро ба фардо магузор, ин коҳилӣ оадлбат туро кунад хор.
3. Худшиносӣ накун, туро озор орад, ӯро бишнос, ки туро кунад хор.
4. Маяфкан худро ба ранҷи дунёи дун, накӯй кун, ки рӯзиат шавад афзун.
5. . Ғазаболуд ҳам бошӣ, сухан фаҳмида гӯй, якеро
сад магӯй, санҷида гӯй барои обрӯй.
6. Оби биниро ба остин тоза макун, назди касони ба тақво хамёза макун.
7. Вақти баромадаки офтоб хоб макун, вақт беҳуда магзарон, дил нотоб макун.
8. Афсӯси ҷанфо махӯр пеши мардум, ки туро донанд авлоди ҳаждум.
9. Бузургонро қадр кун, аз онҳо боло магузар, ту
худ андеша кун, аз онҳо баҳра бар.
10. Сухани касро мабур, ки ин хуб нест, сабукравӣ накун, ки матлуб нест.
11. Баъди мурдан касро ба некӣ ёд кун дуо аз Қуръон бихон, рӯҳашро шод кун.
12. Ҷангу хусуматро пешаи кор макун, баъди ранҷондаи дигар ӯро хор макун.
13. Қувваозмоиш карадан, бидон, хуб нест, хоксорӣ кардан туро одати хубест.
14. Ту касро ранҷондӣ, хабараш фош масоз, ба дилат ҷой деҳ, машав ба кас ҳамроз.
15.Ба андозаи худ сухан дониста гӯй, агар хато
кунӣ, пок нашавӣ аз оби ҷӯй.
16. Донистани қадри мардум туро боло кунад, гуфтани сухани нек туро пешво кунад.
17. Нахӯр ҳаққи мардум, туро бевафост, бихӯр нони ҳалол, туро бовафост.
18. Даҳони пӯшида ҳазор тиллост, на хавфе дорӣ, на туро парвост.
19. Озмоиш кун дӯстро вақги сахтӣ, дӯст меорад ҳамеша хушбахтӣ.
20. Бисанҷ дӯстро ошкору ниҳон, имтиҳонаш гир бо суду зиён, нағз мефаҳмй онро дар озмоишу имтиҳон.
21. Каси нодон туро зиён оварад, рӯзи сахтӣ туро ба ҷо новарад.
22. Дӯсти зираку доно туро беҳтар аст, рӯзи сахтӣ зи ҳолат бохабар аст.
23. Ба кори хайр ҳамеша кӯшиш кун, гунаҳи дӯст дидӣ, пӯшиш кун.
24. Тадбир кун ба мардуми солеҳ ва доно, худ намоз бихону гузор онҳоро боло.
25. Сухан дониста гӯй, то дарнамонӣ, агар дарбимонӣ, ҷоҳилу нодонӣ.
26. Ғанимат бидон умри ҷавонӣ, агар бидонӣ, ҷовидон бимонӣ.
27. Ба дониш сарф кун умр, гар тавонӣ, азиз дор ёру дӯстонро дар ҷавонӣ.
28. Имтиҳон кун рӯзи сахтӣ дӯстонро, маёзор онҳоро, ёбӣ бӯстонро.
28. Нигаҳ дор обрӯи дӯстону душманонро, ба дӯши худ магир беҳуда бори гаронро.
30. Мадарон пардаи касро дар ин боғу чаман, маяфкан хокро дар чашмаи поки меҳан.
31. Ғанимат бидон, ҷоно, ту модар - падар, кушоӣ ба рӯят ба ҳар кӯй дар.
32. Пеша кун ҷавонмардиро мудом, ҷавонмард бинад умри бардавом.
33. Ба воҷибӣ адо кун, хизмати меҳмонро, гар гурусна бошад, бидеҳ луқмаи нонро.
34. Дар хона нигаҳ дор чашму гӯшу забонро, агар хоҳӣ осуда бошӣ, сарфа кун нонро.
35. Пок дор ту ҳамеша ҷомаву танро, маёлой забону чиркин накун баданро.
36. Ёр бош бо ҷамоати дӯстони ҷонӣ, парокандагӣ макун, ту агар матавонй.
зт. Омӯхтани илм ба фарзанд мерос аст, танбалию нодони фарзанд омос аст.
38. Одатат бояд бошад ҳамеша кам хӯрдан, саломатӣ мзбахшад туро кам гуфтан.
Что нового в последней версии 4
Информация 1000 панд | хазор панду насихат \ Панду андарз APK
Старые Версии 1000 панд | хазор панду насихат \ Панду андарз
1000 панд | хазор панду насихат \ Панду андарз 4
1000 панд | хазор панду насихат \ Панду андарз 21.053
Супер Быстрая и Безопасная Загрузка через Приложение APKPure
Один клик для установки XAPK/APK файлов на Android!