Sobre este ГУЛЧИНИ ҒАЗАЛИЁТ.Убайди Зоконӣ
GULCHINI ҒAZALIЁT.Ubaydi Zokonӣ
Дорам буте ба чеҳраи сад моҳу офтоб,
Нозуктар аз гули тару хушбўтар аз гулоб.
Раънотар аз шамоили насрин миёни боғ,
Нозандатар зи сарви сиҳӣ бар канори об.
Дар тоби ҳайрат аз рухи ў дар чаман суман,
Дар хўйи хиҷлат аз лаби ў дар қадаҳ шароб.
Шаклеву сад малоҳату рўеву сад ҷамол,
Чашмеву сад карашмаву лаълеву сад итоб.
Хуршед дар ниқоби хиҷолат ниҳон шавад,
Аз рўйи ҷонфидош агар барфитад ниқоб.
Дар ҳалқаҳои зулфаш ҷонҳои мо асир,
Аз чашмҳои масташ дилҳои мо кабоб.
Фарёд аз он ду сунбули мушкини тобдор,
Зинҳор аз он ду наргиси ҷӣдуи нимхоб
Ҳар гаҳ, ки зонуе занаду бодае диҳад,
Ман ҷон ба бод бардиҳам, он лаҳза чун ҳубоб.
Рўзе, ки бо ман аст, ман он рўз чун Убайд,
Аз айш баҳрамандаму аз умр комёб.
Novidades em 1.0 mais recente
Informações sobre ГУЛЧИНИ ҒАЗАЛИЁТ.Убайди Зоконӣ APK
Versões Antigas de ГУЛЧИНИ ҒАЗАЛИЁТ.Убайди Зоконӣ
ГУЛЧИНИ ҒАЗАЛИЁТ.Убайди Зоконӣ 1.0

Baixar de Forma Rápida e Segura via APKPure App
Um clique para instalar arquivos XAPK/APK no Android!