ГУЛЧИНИ ҒАЗАЛИЁТ.Убайди Зоконӣ
Über ГУЛЧИНИ ҒАЗАЛИЁТ.Убайди Зоконӣ
GULCHINI ҒAZALIЁT.Ubaydi Zokonӣ
Дорам буте ба чеҳраи сад моҳу офтоб,
Нозуктар аз гули тару хушбўтар аз гулоб.
Раънотар аз шамоили насрин миёни боғ,
Нозандатар зи сарви сиҳӣ бар канори об.
Дар тоби ҳайрат аз рухи ў дар чаман суман,
Дар хўйи хиҷлат аз лаби ў дар қадаҳ шароб.
Шаклеву сад малоҳату рўеву сад ҷамол,
Чашмеву сад карашмаву лаълеву сад итоб.
Хуршед дар ниқоби хиҷолат ниҳон шавад,
Аз рўйи ҷонфидош агар барфитад ниқоб.
Дар ҳалқаҳои зулфаш ҷонҳои мо асир,
Аз чашмҳои масташ дилҳои мо кабоб.
Фарёд аз он ду сунбули мушкини тобдор,
Зинҳор аз он ду наргиси ҷӣдуи нимхоб
Ҳар гаҳ, ки зонуе занаду бодае диҳад,
Ман ҷон ба бод бардиҳам, он лаҳза чун ҳубоб.
Рўзе, ки бо ман аст, ман он рўз чун Убайд,
Аз айш баҳрамандаму аз умр комёб.
What's new in the latest 1.0
ГУЛЧИНИ ҒАЗАЛИЁТ.Убайди Зоконӣ APK -Informationen
Alte Versionen von ГУЛЧИНИ ҒАЗАЛИЁТ.Убайди Зоконӣ
ГУЛЧИНИ ҒАЗАЛИЁТ.Убайди Зоконӣ 1.0
Superschnelles und sicheres Herunterladen über die APKPure-App
Ein Klick zur Installation von XAPK/APK-Dateien auf Android!