À propos de ГУЛЧИНИ ҒАЗАЛИЁТ.Убайди Зоконӣ
ГУЛЧИНИ ҒАЗАЛИЁТ.Убайди Зоконӣ
Дорам буте ба чеҳраи сад моҳу офтоб,
Нозуктар аз гули тару хушбўтар аз гулоб.
Раънотар аз шамоили насрин миёни боғ,
Нозандатар зи сарви сиҳӣ бар канори об.
Дар тоби ҳайрат аз рухи ў дар чаман суман,
Дар хўйи хиҷлат аз лаби ў дар қадаҳ шароб.
Шаклеву сад малоҳату рўеву сад ҷамол,
Чашмеву сад карашмаву лаълеву сад итоб.
Хуршед дар ниқоби хиҷолат ниҳон шавад,
Аз рўйи ҷонфидош агар барфитад ниқоб.
Дар ҳалқаҳои зулфаш ҷонҳои мо асир,
Аз чашмҳои масташ дилҳои мо кабоб.
Фарёд аз он ду сунбули мушкини тобдор,
Зинҳор аз он ду наргиси ҷӣдуи нимхоб
Ҳар гаҳ, ки зонуе занаду бодае диҳад,
Ман ҷон ба бод бардиҳам, он лаҳза чун ҳубоб.
Рўзе, ки бо ман аст, ман он рўз чун Убайд,
Аз айш баҳрамандаму аз умр комёб.
What's new in the latest 1.0
Informations ГУЛЧИНИ ҒАЗАЛИЁТ.Убайди Зоконӣ APK
Vieilles versions de ГУЛЧИНИ ҒАЗАЛИЁТ.Убайди Зоконӣ
ГУЛЧИНИ ҒАЗАЛИЁТ.Убайди Зоконӣ 1.0

Téléchargement super rapide et sûr via l'application APKPure
Un clic pour installer les fichiers XAPK/APK sur Android!