关于ГУЛЧИНИ ҒАЗАЛИЁТ.Убайди Зоконӣ
GULCHINIҒAZALIЁT.UbaydiZokonӣ
Дорам буте ба чеҳраи сад моҳу офтоб,
Нозуктар аз гули тару хушбўтар аз гулоб.
Раънотар аз шамоили насрин миёни боғ,
Нозандатар зи сарви сиҳӣ бар канори об.
Дар тоби ҳайрат аз рухи ў дар чаман суман,
Дар хўйи хиҷлат аз лаби ў дар қадаҳ шароб.
Шаклеву сад малоҳату рўеву сад ҷамол,
Чашмеву сад карашмаву лаълеву сад итоб.
Хуршед дар ниқоби хиҷолат ниҳон шавад,
Аз рўйи ҷонфидош агар барфитад ниқоб.
Дар ҳалқаҳои зулфаш ҷонҳои мо асир,
Аз чашмҳои масташ дилҳои мо кабоб.
Фарёд аз он ду сунбули мушкини тобдор,
Зинҳор аз он ду наргиси ҷӣдуи нимхоб
Ҳар гаҳ, ки зонуе занаду бодае диҳад,
Ман ҷон ба бод бардиҳам, он лаҳза чун ҳубоб.
Рўзе, ки бо ман аст, ман он рўз чун Убайд,
Аз айш баҳрамандаму аз умр комёб.
最新版本1.0的更新日志
Last updated on 2017年11月04日
Minor bug fixes and improvements. Install or update to the newest version to check it out!
ГУЛЧИНИ ҒАЗАЛИЁТ.Убайди Зоконӣ APK信息
在APKPure安全快速地下载APK
APKPure 使用签名验证功能,确保为您提供无病毒的 ГУЛЧИНИ ҒАЗАЛИЁТ.Убайди Зоконӣ APK 下载。
ГУЛЧИНИ ҒАЗАЛИЁТ.Убайди Зоконӣ历史版本
ГУЛЧИНИ ҒАЗАЛИЁТ.Убайди Зоконӣ 1.0
1.7 MB2017年11月04日